Журнал

Тибқи моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то 35 сола аст, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ доранд, забони давлатиро медонанд, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо карда бошад ва дорои сифатҳои лозимаи корию ахлоқӣ буда, аз рӯи вазъи саломатиашон ба иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаашон гузошташуда қодир мебошанд, ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд.

         Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шартномаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони ҷавон ва кадрҳои соҳаи ҳуқуқшиносӣ ба имзо расонида шудаанд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, ба талаботи дар моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқат мекунанд, метавонанд барои ба кори фаврӣ қабул шудан ба мақомоти прокуратура унвони Прокурори генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза нависанд, Тибқи талабот бо ариза ҳуҷҷатҳои  зерин бояд, ки замима карда шаванд: тарҷумаи ҳол (бо дарҷи маълумот пурра нисбати худ ва хешовандони наздик), хислатнома аз Донишгоҳ ва ё ҷойи кори охирин, варақаи шахсӣ, ду адад тавсиянома, расмҳои андозаи 3/4   4 адад,  6/9  2 адад, гувоҳнома аз маҳалли зист, дафтарчаи меҳнатӣ, нусхаи шиноснома (худ ва аъзоёни оила), билети ҳарбӣ, хулосаи тибии шакли 38, нусхаи диплом, нусхаи варақаи имтиҳонотӣ, парвандаи шахсӣ, лифофа, рақами мушаххаси андозсупоранда, эъломия оид ба вазъи амволӣ.

Мувофиқи талаботи моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи прокурор ва муфаттиши прокуратура таъин мешаванд, барои содиқ будан дар хизмати содиқонаи қонун савганди корманди мақомоти прокуратураро дар фазои тантанавӣ ёд мекунанд.