Хабарҳо

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад!

 

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми шаҳрвандон мерасонад, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна таблиғот (рекламаҳо) оиди аз ҷониби шахсони алоҳида ва дигар ширкатҳо таъмин намудан ба ҷойи кор дар давлатҳои хориҷӣ, ба хусус ИМА, Канада ва Британияи Кабир (Англия) зиёд гардидаанд.

 Ин таблиғотҳо (рекламаҳо) ягон асоси воқеъӣ надошта, асосан барои мардумфиребӣ ва бо роҳҳои қаллобӣ азонихуднамудани маблағҳои пулии шаҳрвандон истифода шуда, дорои паёмадҳои манфӣ ва боиси ба шаҳрвандон расонидани зарари молу мулкӣ ба миқдори калон мегарданд.

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғотҳои бе асос оид ба таъмини ҷойи корӣ дар хориҷи кишвар нашаванд ва худро зери хатар нагузоранд.