Ҳамкорӣ бо шарикон ва ҷалби онҳо ба
раванди таълим дар Донишкада:
Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Дафтари минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ (OHCHR) оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, Дафтари барономавии СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Филиали Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико (ABA ROLI), Ассотсиатсияи швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналмилалии “Ҳелветас Свисе Интеркооперейшн”, инчунин ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” ва ғайра ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, пайваста ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон машғулиятҳои таълимӣ баргузор менамояд.
Дар давраи солҳои 2010-2020 дар доираи ҳамкориҳо аз ҷониби созмонҳои зикршуда ба Донишкада 35 номгўйи техникаю таҷҳизотҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, 10 баста (комплект) мизи корӣ, 20 адад курсӣ, ҳамчунин 18 номгўйи адабиёти зарурии ҳуқуқӣ ба маблаѓи умумии 146 631 сомонӣ тариқи ройгон дастрас карда шудааст.
Ҳамзамон, ба раванди таълим дар Донишкада устодони муассисаҳои таълимии олӣ ва такмили ихтисоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин амал дар баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии шунавандагон мусоидат менамояд.
Инчунин, бо мақсади табодули таҷрибаи корӣ мутахассисон ва мураббиёни (тренер) байналмиллалӣ ва маҳаллӣ низ тибқи тартиби муқарраргардида, барои гузаронидани машғулиятҳо ҷалб карда мешаванд.
Ҷиҳати иҷрои Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи Федератсияи Россия, Барномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Прокуратураи Федератсияи Россия барои соли 2024 тариқи маҷозӣ ба имзо расонида шуд, ки дар доираи он оид ба омода намудани кадрҳои лаёқатманд ва вусъат бахшидани фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзуъҳои “Ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия”, инчунин, “Масъалаҳои аз ҷониби мақомоти прокуратура амалӣ намудани қонунгузории муҳоҷират, таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирон” тариқи маҷозӣ ду маротиба мизҳои муддавар баргузор гардид.
Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби мутахассисон ва мубодилаи адабиёти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, таълимӣ-амалӣ ва дигар чорабиниҳои ба бозомӯзӣ тааллуқдошта бо Муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии “Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2025-2026 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки мавриди иҷро қарор дорад.
Кормандони Донишкада талош доранд, ки сатҳу сифати барномаҳои таълимиро дар фаъолияти минбаъда боз ҳам хубтар ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти прокуратура тадбирҳои иловагӣ андешанд.












