18.11.2024 19.59
шаҳри Гулистон

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва омодагии сокинони вилоятро барои истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар вилояти Суғд бунёду азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст ва аз ин шумора то имрӯз беш аз 8 ҳазору 200 ададаш сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 16 ҳазор хонанда, 57 иншооти соҳаи тандурустӣ ва беш аз 2 ҳазору 300 километр роҳҳо бунёду таъмир гардид. Дар ин давра дар вилоят зиёда аз 55 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.

Масъулини вилоят вазифадор гардиданд, ки ислоҳи камбудиву норасоиҳои мавҷудаи сохтмонро таъмин намуда, ба бунёду таҷдиди иншооти нақшавӣ бо санъати баланди меъморӣ суръат бахшанд ва сифати корҳои сохтмонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Гуфта шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда дар солҳои истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои буҷети давлатӣ 26 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар даҳ моҳи соли равон беш аз 3,6 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Таъкид гардид, ки дар вилоят дар даврони соҳибистиқлолӣ барои бахшҳои маорифу тандурустӣ ва соҳаи нақлиёт 56 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 18 лоиҳаи дигар идома дорад.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аз Президенти кишвар супориш гирифтанд, ки барои афзун намудани ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Иброз гардид, ки нақшаи андоз аз даромад дар як қатор шаҳру ноҳияҳо иҷро нашуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлат 124 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардидааст.

Роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо сохторҳои марбута барои сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозу пардохтҳо ва роҳ надодан ба афзоиши бақияи қарзи андоз тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Супориши дигар ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани низоми пардохти ғайринақдӣ дар ҳамаи соҳаҳо дода шуд.

Зикр карда шуд, ки дар соҳаи кишоварзии вилоят дар даҳ моҳи соли 2024 ба маблағи беш аз 18,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки барои таъмин намудани дурнамои кишти зироатҳо, бахусус, зироатҳои барвақтӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин, супориш доданд, ки барои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла коҳишёбии истеҳсоли гӯшти паранда, тухм ва таъмин намудани рушди устувори соҳаи кишоварзӣ чораҳои муассир роҳандозӣ намоянд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат таъкид карда шуд, ки дар даҳ моҳи соли равон ҳиссаи вилояти Суғд дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар зиёда аз 56 фоизро ташкил додааст.

Дар ин давра дар вилоят 136 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101 адад кам мебошад.

Бинобар ин, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки барои рушди соҳаҳои саноати коркард, хусусан, саноати сабук, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва доруворӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд татбиқи 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои пешгирӣ аз талафоти неруи барқ ба маблағи 69 миллион сомонӣ идома дорад.

Ба вазорату идораҳои марбутаи соҳа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастур дода шуд, ки барои истифодаи самараноки маблағҳои равонагардида ва роҳ надодан ба талафоти неруи барқ чораҷӯӣ намоянд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои азнавсозӣ ва таъмири муассисаҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта, бартараф намудани норасоии кадрҳои соҳа ва ислоҳи саривақтии дигар камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешанд.

Сарвари давлат ҳамчунин, барои беҳтар намудани вазъи муассисаҳои тиббӣ, бо таҷҳизоту технологияҳои муосир таъмин кардани онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.

Вобаста ба ҳолати муассисаҳои фарҳангӣ супориш дода шуд, ки роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он барои таъмири муассисаҳои фарҳангии таъмирталаб ва садамавӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин робита, аз ҷумла таъкид гардид, ки ҳар як шаҳру ноҳия бояд мактаби мусиқӣ дошта бошад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки то Наврӯзи соли 2025 ҳамаи муассисаҳои фарҳангии нуқсондошта тармим карда шаванд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноорому пешгӯйинашавандаи ҷаҳон талаб намуданд, ки роҳбарону масъулон дар чунин шароит амалҳои созандагиву бунёдкориро вусъат дода, ба масъалаи таъсиси ҷойҳои кории нав, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Баъди суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва омодагӣ ба ҷашни миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

Зимнан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорони вилояти Суғд, ки дар корҳои созандагию ободонӣ нақши намоён доранд, арзи сипосу қадрдонӣ карда, изҳори умед намуданд, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғд ва ҳама кишвари азизамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.