Хабарҳо

Сироят намудан бо вируси норасоии масунияти одам

  Барои дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузоштани шахси дигар, инчунин бо вируси норасоии масунияти одам сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонад, қонунгузори ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.

  Бо вуҷуди он, ки барои чунин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шуда бошад ҳам, мутаасифона имрӯзҳо дар ҷомеъа ҳаст шаҳрвандоне, ки танҳо фикри шахсии худро намуда, бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ ҳаёту саломатии дигар шаҳрвандонро зери хатар гузошта, дидаву дониста, ки худ гирифтори чунин намуд беморӣ мебошанд, дигаронро низ мубталои ин беморӣ намуда, даст ба содир намудани ҷиноят мезананд, ки чунин ҳолат, ҳангоми санҷишҳои прокурорӣ ошкор карда шуд.

   Ҳангоми гузаронидани санҷишҳо муайян карда шуд, кишаҳрванд А.А. мувофиқи хулосаи ташхиси Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам таҳти №292-2017 аз 05 апрели соли 2017 ба бемории вируси норасоии масунияти одам гирифтор буда, ӯҳдадории хаттии ӯ бо гирифтани имзояш дар хусуси риоя талаботи моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифта шудааст.

Аммо, шаҳрванд А.А. бо мақсади қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ, ӯхдадории хаттии зикршудаи худро риоя накарда, дидаю дониста, ки гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам буда, шахси солими дигарро метавонад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба бемории зикршуда сироят намояд, моҳи ноябри соли 2017 шаҳрванд Б.А.- ро бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, ба бемории мазкур сироят намуд.

    Бинобар ин, нисбати шаҳрванд А.А.аз рӯи аломатҳои моддаи 125 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои дидаю дониста бо вируси норасоии масунияти одам сироят кардан, парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣба суд ирсол карда шуд.

   Бо ҳукми суд шаҳрванд А.А. бо моддаи номбурда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ба муҳлати 3 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ