Хабарҳо

Маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.11.23 дар Прокуратураи генералӣ таҳти раисии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, бо иштироки вазири кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар кормандони масъули дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробар кардашуда, сардорони раёсату шуъбаҳои тафтишотию оперативии Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони раёсатҳои ВКД дар ш.Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои алоҳида маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.               

Дар маҷлис ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар мавриди истифодаи самараноку оқилонаи замин, аз ҷумла заминҳои таъиноти кишоварзӣ, фонди давлатии об, нақлиёт ва алоқа, пешгирии ҳодисаҳои ғайриқонунӣ додан ва вобаста кардани замин, ғасби он ва сохтмонҳои худсарона дар ин гурӯҳҳои замин дар давоми солҳои 2020-2022 ва 6 моҳи соли 2023, инчунин ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар давраи соли 2022 ва 9 моҳи соли 2023 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ шарти асосии рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, он ба истифодаи мақсадноки замин вобастагии зичи ногусастанӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи замин мудом дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

     

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ вазъи истифодабарии замин дар ҷумҳурӣ беҳтар гардидааст. Вале ҳанӯз ҳам дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораи замин, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, шаҳрвандон ва дигар заминистифодабарандагон қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Дар давраи таҳлилӣ прокуророн баҳри бартараф намудани ин қонунвайронкуниҳо ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр, 4149 пешниҳод ва ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз оварда, 3864 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ,  16716 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 3696 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва майдони  49151,72 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис таъкид гардид, ки дар давраи таҳлилӣ мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини сулҳу субот, амнияти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд. Ин аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ дар давраи таҳлилӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ паст гардида, дар 9 моҳи соли 2023 ҳамагӣ 1637  ё 4,3% ҷинояткам ба қайд гирифта шудааст.

Дар анҷоми маҷлис, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба масъулини соҳаи замин, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокурорҳо ҷиҳати  бартараф намудани камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар ин самтҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Аз натиҷаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.