Хабарҳо

АЗОНИХУДКУНӢ

Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷинояти азонихудкунии  маблағро ба миқдори махсусан калон дар ҳолатҳои зерин зимни санҷиш ошкор намуд.

Чунончи, шаҳрвандон  Ҳамроҳзода Ш., Шамсуллозода Ш., ва Орипов X., бо мақсади тасарруфи амволи ғайр аз рӯйи маслиҳати пешакӣ 20 октябри соли 2016 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи мутақобила”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила”-ро таъсис додаанд, ки он тибқи Қонуни мазкур ва Оинномаи ҷамъият ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад ва ҳар як иштирокчии суғуртаи мутақобила ҳам суғурташаванда ва ҳам суғуртакунанда ҳисоб меёбад.

Баъдан, шахсони номбурда ҳамчун масъулини ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила”, фаъолияти ташкилотро бархилофи муқаррароти Қонуни номбурда ва Оинномаи ҷамъият чун ташкилоти тиҷоратӣ ба роҳ монда, то моҳи августи соли 2021 бе қарори маҷлиси умумии аъзоёни ҷамъият, ки мақоми олии он ба ҳисоб меравад, маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ ва пардохти суғуртавии воридкардаи 31 субъекти аъзоро ба маблағи 4 672 848 (чор миллиону шаш саду ҳафтоду ду ҳазору ҳашт саду чилу ҳашт) сомонӣ, ки аз ҷумла ба Хадамоти алоқа 785 844 сомонӣ, Агентии таъминоти амволи махсус 480 500 сомонӣ, МД Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳо 461 988 сомонӣ, Академияи илмҳо 235 643 сомонӣ, КВД Обу корези шаҳри Душанбе 216 190 сомонӣ, Хадамоти муҳоҷират 194 130 сомонӣ,  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 185 000 сомонӣ, ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” 140 000 сомонӣ, Агентии хоҷагии ҷангал 93 450 сомонӣ ва боқимонда маблағҳо ба дигар шахсони ҳуқуқӣ мансуб мебошад, барои пардохти музди меҳнат, андозҳо, ҳаққи саҳмдорон, ҳаққи комиссионӣ, хароҷоти хоҷагидорӣ, хариди сӯзишворӣ, воситаи нақлиёт, хона ва ғайра хароҷот карда, ба аъзоёни ҷамъият баъд аз қатъ шудани фаъолияти он ҳаққи суғуртавии пардохтнамудаашонро тибқи муқаррароти қонунгузорӣ бозпас надода, маблағи дар боло зикрёфтаро, ки дар ихтиёрашон қарор дошт, ғайриқонунӣ азонихуд ва исроф карда, ба манфиатҳои молумулкии шахсони ҳуқуқӣ, алалхусус ташкилотҳои буҷетӣ, зарари махсусан калони моддӣ расониданд.

Бо назардошти он, ки дар кирдорҳои Ҳамроҳзода Ш., Шамсуллозода Ш. ва Орипов Х.Г. аломатҳои таркиби ҷиноят мавҷуд мебошад, нисбат ба онҳо аз рӯи банди “б” қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон