Хабарҳо

Мубодилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

Сайдуллоев Саидаҳмад Абдухолиқович, хилофи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амал намуда, дидаю дониста дар бозори "Уялӣ”-и ноҳияи Хуросон, нуқтаи ивази асъори хориҷиро таъсис дода, ғайриқонунӣ бо хариду фурӯши асъори миллию хориҷӣ машғул шудааст.

Сайдуллоев С.А. 20 январи соли 2023 аз шаҳрванд "Х.А." маблағи 3400 доллари ИМА гирифта, бо асъори миллӣ-сомонӣ бо қурби 10.30 сомонӣ иваз намуда, дар маҷмӯъ ба харидори шартӣ 35020 сомонӣ дода, баъди гирифтани маблағи 3400 доллари ИМА дастгир карда шудааст.

Прокурори вилояти Хатлон нисбати Сайдуллоев С.А. бо моддаи 286 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишоти пешкӣ ба суди ноҳияи Хуросон ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Хуросон аз 8 феврали соли 2022 Сайдуллоев С.А. бо моддаи 286 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 63-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 200 нишондиҳнда баробар ба 13600 сомонй таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон