Хабарҳо

Қасди беэҳтиётӣ боиси фавт гардид

Прокуратураи ноҳияи Файзобод дар гуруҳ бо ШВКД парвандаи ҷиноятиро нисбати Алиев Суҳайли Сангинмуродович бо моддаи 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонид, ки суди ноҳия баррасӣ намуд.

Тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян намуд, ки Алиев С.С.  зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод, Ҷамоати деҳоти Меҳробод, деҳаи Меҳробод, даст ба содир намудани ҷиноятӣ қасдона задааст.

Чунончи, Алиев С.С. 20 сентябри 2022 сол, тахминан соати 22:00 дақиқа ҳангоми дар маркази дилхушии “Самирҷон” воқеъ дар деҳаи Лолагӣ ноҳияи Файзобод қарор доштанаш, тахминан 500 грамм нушокии спиртии навъи “арақ” истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ аз маркази дилхушии мазкур бо маъшуқааш Раупова Меҳрангез Абдураҳимовна, зода ва истиқоматкунадаи ноҳияи Файзобод, Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, деҳаи Карсанг, ки дар ҳамин маркази дилхуши ҳамчун раққоса кор мекард, ба манзили истиқоматии ба иҷора гирифтааш, воқеъ ноҳияи Файзобод, Ҷамоати деҳоти Вашгирд, деҳаи Лолагӣ, кӯчаи М.Турсунзода, хонаи№18, омадаанд. Ӯ бо маъшуқааш Раупова М.А.  аз ҳисёти рашк, ки дар маркази дилхуши бо дигар ҷавон рақс намуда,ба оғӯш гирифтааст, муноқиша намуда, бо дасташ як маротиба ба рӯи Раупова М.А. зада охиринро ба замин афтонидааст.

Сипас Алиев С.С. кирдорҳои қасдонаи худро идома дода, Раупова М.А.-ро дар ҳузури писари хурдсолаш (с.т. 2016) Сайфудинов Ҷовидон Қутбидинович бо дасту пойҳояш дар қисмати рӯй, cap ва дигар қисматҳои баданаш мезанад, ки дар натиҷа Раупова М.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Файзобод аз 09 декабри соли 2022 Алиев С.С. дар содир намудани ҷинояти моддаи 110 қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо, дар намуди марҳум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 солу 6 моҳ, таъин гардид.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон