Хабарҳо

КУШТОРИ БЕРАҲМОНАИ МАДИНАИ ХУРДСОЛ АЗ ТАРАФИ ПАДАР...

Прокуратураи шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати Саидов Гурез Шарипович бо моддаи 104 (Одамкушӣ) қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, барои моҳиятан  баррасӣ намудан ба суд ирсол намуда буд.

Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки шаҳрванд Саидов Гурез Шарипович соли таваллудаш 1956, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, миллат тоҷик, оиладор соҳиби 7 фарзанд дар ҳолати зерин даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст.

Чунончи, номбурда 28 октябри соли 2022 тахминан соати II00 дақиқа ҳангоми дар манзили зисташ қарор доштан, бо мақсади харидорӣ намудани доруворӣ хостааст аз ҷайби костюмаш, ки дар хуҷраи хобаш нигоҳ медошт, маблағи пулӣ гирад.

Зимни аз назар гузаронидани ҳамёнаш ӯ муайян мекунад, ки  маблағи 1000  сомонии дар дохилаш ҷойдошта мавҷуд нест.

Сипас, оид ба тасарруф шудани маблағи пулӣ аз духтари хурдсолаш ( с.т. 2011) Саидова Мадина Гурезовна гумон карда, духтарашро ба ҳуҷраи худаш дароварда, бо мақсади гирифтани нишондоди худиқрорӣ дар дохили ҳуҷра, бо истифода аз даст ва  пояш  мавриди лату кӯб қарор медиҳад.

Дар натиҷа, бинобар иқрор нашудани ноболиғ Саидова М.Г. оид ба гирифтани маблағи зикргардида, падари сангдил Гурез Саидов асояшро, ки дар дохили ҳуҷра гузошта шуда буд гирифта, бо бераҳмии махсус ба қисмати сару рӯй, дасту пой, шикам ва танаи Мадинаи хурдсол чандин маротиба бо зарбаҳои сахту ҷонкоҳ  мезанад.

Ин ҳолатро модари Мадина Саъбагул Саидова дида, кӯшиши халос кардани духтарашро мекунад. Саидов Г.Ш. бошад, ба ин нигоҳ накарда, ҳамсарашро зада аз ҳуҷра берун карда, ба ин кирдорҳои ҷинояткоронаи худ қаноат накарда, боз аз миёнаш тасмаи шимашро кашида, ба воситаи он лату кӯб намудани духтари хурдсолашро давом медиҳад.

Аз зарбаҳои бераҳмонаи падар Мадинаи хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Саидов Гурез Шарипович бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон