Хабарҳо

Додани пора

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷолдошов Имамиддин Халилович ва Сайфиддинов Усон Исақович бо моддаи 320 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи прокуратураи ноҳияи Рашт ба анҷом расонида, дар суди ноҳияи Рашт баррасӣ карда шудааст.

Чунончи, шаҳрванд Ҷолдошов И.Х. зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Лахш, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон Сайфиддинов У.И. ва Жолдошов А.Х.» бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳабс озод намудани падараш шаҳрванд Жолдошов Х.К., ки барои содир намудани ҷиноятӣ дар моддаи 305 қисми 2 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шудааст, ба кормандони Раёсати ВКД дар ноҳияи Рашт, ба сифати пора 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ пешниҳод менамоянд.

Санаи 22 сентябри соли 2022 соати 12:38 дақиқа ҳангоми бо муовини сардори ШТҶ РВКД дар ноҳияи Рашт, подполковники милитсия Бобизода Э.Ю. ба сифати пора додани маблағи 15.000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ шаҳрвандон Ҷолдошов И.Х. ва Сайфиддинов У.И. аз тарафи кормандони милитсия ва прокуратура дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда аз онҳо далели шайъӣ 15.000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ ёфта гирифта мешавад.

Бо ҳукми суди ноҳияи Рашт аз 09 декабри соли 2022 судшавандагон Ҷолдошов И.Х. ва Сайфиддинов У.И. бо моддаи 320 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбати ҳар яки он ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 6 сол бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон