Хабарҳо

Оқибати ҷинояти авбошӣ!

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати ноболиғ Ҳакимов Ҳусен Маҳмудҷонович, бо моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 104 қисми 2 бандҳои «в,к» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ, ба анҷом расонида, дар Суди Олӣ баррасӣ карда шудааст.

Тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки ноболиғ Ҳакимов Ҳ.М. рӯзи 17 майи соли 2022 тахминан соати 15:30 дақиқа дар маркази дилхушии «Беҳин», воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, деҳаи Чорсу, дар байни 10 нафар хонандагони синфи 8 Муассисаи таҳсилоти миёна умумии №15 ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғон Ҳотамов М.Р., Қурбонов Ш.О., Самадов У.Ҷ.. Исмоилов А.А., Маҳмудов У.Д., Абдурозиқи А., Ҳакимов А.А., Баҳриддини 3., Нуров А.А., Колдашев А.А. ва хонандагони синфи 9 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ҳайитов Д.Қ., Ҳасанов М.Б., Сафаров А.Б., Давлатов С.Ҳ., Фахриддинов Б.М. бо сабабҳои ночиз муноқишаи лафзӣ cap задааст.

Дар ин вақт ноболиғ Ҳайитов Д.Қ. ба шиносонаш ноболиғ Саидов Ш.Б., Назарзода З.С., Дороншоев Ф.М., Ваҳидов М.Н., ки онҳо дар толори бозиҳои компютерии «Драйв», воқеъ дар шаҳри Душанбе, қарор доштаанд, занг зада, ноболиғ Саидов Ш.Б.-ро гуфтааст, ки дар назди ҳавзи шиноварии «Беҳин» бачаҳои калон ҷамъ шудаанд ва ба назди онҳо омада, нагузоранд, ки бачаҳои калон онҳоро мавриди лату кӯб қарор диҳанд.

Пас аз ин, ноболиғон Саидов Ш.Б., Назарзода З.С., Дороншоев Ф.М. ва Ваҳидов М.Н. тавассути автомашинаи сабукрави таксӣ нишаста, ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чоргултепппа, деҳаи Чорсу роҳсипор шуда, дар роҳ ноболиғ Ваҳидов М.Н. рафиқаш ноболиғ Ҳакимов Ҳ.М.- ро занг зада, ӯро аз назди кӯчаи 1-уми Майи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо худ гирифта, ба деҳаи Чорсуи ноҳияи Рӯдакӣ бурдаанд.

Баъди ба деҳаи Чорсуи ноҳияи мазкур расидан, дар назди маркази дилхушии «Беҳин» ноболиғон Саидов Ш.Б., Дороншоев Ф.М., Ваҳидов М.Н. ва Ҳакимов Ҳ.М. аз автомашина фаромада, ноболиғ Назарзода З.С. дар дохили автомашинаи зикршуда мондааст.

Пас аз ин, аз дохили маркази дилхушии «Беҳин» ноболиғон Ҳайитов Д.Қ., Ҳасанов М.Б., Сафаров А.Б., Давлатов С.Ҳ. ва Фахриддинов Б.М. баромада, якҷоя бо ҳамроҳии ноболиғон Саидов Ш.Б., Дороншоев Ф.М., Ваҳидов М.Н. ва Ҳакимов Ҳ.М. ба самти роҳи калон назди купруки дарёи Элок рафтаанд.

Дар ин вақт, ноболиғ Саидов Ш.Б. аз дасти ноболиғ Назарзода З.С., ки дар дохили автомашинаи сабукрави таксӣ қарор доштааст як адад корди қатъшавандаро, ки бо худ нигоҳ медошт, гирифтааст, ки ҳолати мазкурро ноболиғ Ҳакимов Ҳ.М. мушоҳида намудааст.

Дар роҳ номбурдагон ноболиғон Қурбонов Ш.О., Исмоилов А.М., Маҳмудов У.Д. ва Колдашев А.А.-ро вохӯрда, ноболиғ Ҳакимов М.М. ва дигарон, ки шахсияти онҳо дар рафти тафтиши пешакӣ муайян карда нашудааст, тартиботи ҷамъиятиро, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, дағалона вайрон намуда, ноболиғон Қурбонов Ш.О., Исмоилов А.М. ва Колдашев А.А.-ро бо дасту пой мавриди лату кӯб карор доданд, ки дар натиҷа ноболиғон Қурбонов Ш.О., Исмоилов А.М. ва Колдашев А.А. ҷароҳатҳои ҷисмонии гуногун ба саломатиашон бардоштанд.

Пас аз ин, ноболиғон Ҳайитов Д.Қ., Ҳасанов М.Б., Сафаров А.Б., Давлатов С.Ҳ., Саидов Ш.Б., Дороншоев Ф.М., Ваҳидов М.Н., Ҳакимов Ҳ.М. ва Фахриддинов Б.М. ба самти роҳи калон болои пули дарёи Элок баромадаанд.

Дар ин вақт, Ғоибов Б.Д., ноболиғон Аҷиков М.А., Ғуломов М.Ф. ва дигарон, ки тахминан 5-6 нафар будаанд, оиди лату кӯб шудани хонандагони МТМУ №15 ноҳияи Рӯдакӣ огоҳӣ ёфта, аз дохили толори саққобозӣ баромада, ба назди ноболиғон Ҳайитов Д.Қ., Ҳасанов М.Б., Сафаров А.Б., Давлатов С.Ҳ., Саидов Ш.Б., Дороншоев Ф.М., Ваҳидов М.Н., Ҳакимов Ҳ.М. ва Фахриддинов Б.М. рафтаанд.

Ноболиғ Аҷиков М.А. аввал шуда, тартиботи ҷамъиятиро, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, дағалона вайрон карда, ноболиғ Ҳайитов Д.Қ.-ро як маротиба бо мушт дар рӯяш зарба задааст, ки дар натиҷа ноболиғони дар он ҷой ҳузурдошта низ, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамдигарро мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Ноболиғ Ҳакимов Ҳ.М. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, аз дасти рафиқаш ноболиғ Саидов Ш.Б. корди қатъшавандаи сайёҳиро гирифта, дар болои пули дарёи Элок, аз ҳиссиёти авбошӣ як маротиба ба қафаси синаи Колдашев А.А., ки ноболиғ буданаш ба ӯ аён буд, задааст, ки дар натиҷа Колдашев А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ интиқол додан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10 январи соли 2023 ноболиғ Ҳакимов Ҳ.М. бо моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 104 қисми 2 бандҳои «в,к» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ба ӯ ҷазои ниҳоии 11 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои тарбиявии низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон