Хабарҳо

Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, сохтакоррии хизматӣ ва экстремизму-терроризм

Изатмандов Абдураҳмон Қудратович, ҷиноятҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, сохтакоррии хизматӣ ва экстремизму-терроризмро дар ҳолати зерин содир кардааст.

Чунончӣ, ӯ аз 01 августи соли 2013 инҷониб бо фармони директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳияи Панҷ, ба вазифаи сармуҳосиби муассисаи мазкур таъин шуда, дидаю дониста ба кор нарафта, бо мақсади ғаразнок, бо истифода аз ваколати мансабии худ, бо роҳи сохтакории хизматӣ, дар табелҳои қайди соату рӯзҳои корӣ ва аснодҳои расмии муҳосибӣ, ки дар ихтиёри ӯ супорида шуда буд, дар сатри ному насаби худ маълумотҳои бардурӯғ оиди иштироки пурра дар ҳар рӯзӣ корӣ ворид намуда, аз моҳи августи соли 2013 то моҳи июни соли 2022 маоши моҳонаро ҳамчун сармуҳосиб пурра гирифта, азони худ намуда, ба давлат маблағи 80591,4 сомонӣ, зарари молиявӣ расонидааст.

Боз, ӯ аз моҳи январи соли 2017 инҷониб дар вазифаи хабарнигори Муассисаи давлатии телевизионии “Ҷаҳоннамо” кору фаъолият намуда, моҳи майи соли 2020, дар ҳудуди ноҳияи Панҷ, бо Зоидов Ҷ.Д., сокини ҳамин ноҳия, вохӯрда, зимни вохӯрӣ иброз намудааст, ки дар асоси фармони директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори идораи давлатии бехдошти замин ва обёрии ноҳияи Панҷ, таъин шудааст ва раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён З.Ф., ӯро ба кор қабул накарда ва нисбати номбурда бояд тавассути шабакаҳои интернет маълумотҳои бадномкунанда паҳн кунад. Изатмандов А.Қ. ба фикри Зоидов Ҷ., рози шуда, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ғоя ва ақидаҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати Ислом”-ро, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ҳамчун ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) террористӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, ҷонибдорӣ намуда, бо мақсади ғараз нақшаи ба фаъолияти ин ташкилоти экстремистӣ муосидат намуданро таҳрезӣ намудаанд.

Минбаъд, онҳо баҳри амали намудани ин нақша, аз моҳи майи соли 2020, акс ва видеонаворҳои дороӣ маълумотҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳияи Панҷро, аз қабили фаъолияти китобхона, пахтасупорӣ, қасри фарҳанг ва ғайраҳоро ҳамчун маълумотҳои бадномкунанда нисбати раиси ноҳияи Панҷ, Шоҳиён З.Ф. дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” тавассути саҳифаҳои “Азия- плюс” ва “Сафар Саидов” ба гурӯҳи сомона (сайт)-и интернетии “Паёми мардум”, ки марбут ба ташкилоти экстремистӣ- террористии “ҲНИТ” мебошад ирсол ва паҳн намуда, ба фаъолияти ин ташкилоти экстремистӣ мусоидат намудаанд.

Баъдан, ӯ аз моҳи феврали соли 2021 то моҳи майи соли 2022, мунтазам бо собиқ мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ, Боймуротзода М.Б., ки номбурда бинобар сабаби тағироти кадрӣ аз мансаб озод шуда буд вохӯрда, дар бораи тавассути шабакаи интернетӣ паст задани шаъну шараф ва паҳн намудани маълумотҳои бадномкунанда нисбати Асомиддинзода Ш., мудири амалкунандаи шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ, маслиҳати пешакиро анҷом дода, ба номбурда якчанд фиттаи дар он наворҳои видеоии гузаронидани чорабиниҳои соҳаи маориф сабт шударо додааст.

Боймуротзода М.Б. он видеонаворҳоро тавассути шабакаҳои интернетӣ ба сомонаи интернетии канали “Ислоҳ-нет” марбут ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати Ислом’ равон намудааст, ки сипас он моҳи майи соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии "ҲНИТ" Садурдинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, бо тахаллуси “Муҳаммадиқболи Садриддин” мақола зери унвонии “Шикояти панҷиҳо аз вазъи маориф ва дигар соҳаҳо” пахш гардидааст.

Прокурори ноҳияи Панҷ, нисбати Изатмандов А.Қ., бо моддаҳои 245 қисми 3 банди «а», 323 ва 3073 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати Боймуротзода М.Б., Шералиев М. ва Зоидов Ҷ.Д., бо моддаҳои 346 қисми 2 бандҳои «а,в» ва 3073 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ, ба суд ирсол нмудааст.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон, аз 09.11.2022 сол Изатмандов А.Қ. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди «а», 323 ва 3073 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, дар асоси моддаи 67 қисмҳои 1 ва 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои асосии ҷарима ва пурра зам намудани ҷазоҳои иловагӣ ва ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, нисбаташ ҷазои ниҳоӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 4 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр ва ҷарима ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 32000 сомонӣ ба фоидаи давлат ва бо маҳрум сохтан аз ҳуқуки ишғоли мансаби муайян ба муҳлати 3 сол таъйин карда шудааст.

Зоидов Ҷ.Д. Боймуротзода М.Б. ва Шералиев М. бо моддаҳои 346 қисми 2 бандҳои «а,в» ва 3073 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъйиншуда ба ҷазои ниҳоӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 4 моҳи бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъйин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон