Хабарҳо

Куштор

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ Прокуратураи генералӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Авлиёев Аслиддин Анбиёевич бо моддаи 104 қисми 2 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки тафтиши он аз ҷониби прокуратураи шаҳри Роғун ба анҷом расонида шуда буд, дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Авлиёев А.А. дар ҳолати ретсидиви ҷиноят боз ҷинояти махсусан вазнинро дар ҳолати зерин содир намудааст:

Чунончи, Авлиёев А.А. бо ҳамсараш Саидова Дилафрӯз Раҳмуддиновна мунтазам дар муноқиша буда, муносибатҳои оилавиашон вайрон гардида, охиронро якчанд маротиба мавриди лату кӯб қарор дода, нақшаи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯро таҳрезӣ намудааст.

20.06.2022 сол соати 07 бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани Саидова Д.Р. бо худ як адад корди хоҷагидорӣ гирифта, ба суроғаи Саидова Д.Р. воқеъ ба суроғаи шаҳри Роғун, кӯчаи Норакиён, бинои 22, ҳуҷраи 27, ки дар онҷо муваққатан ҳамроҳи модараш Саидова Хайринисо Сангалиевна зиндагонӣ мекард, омадааст. Соати 08 Авлиёев А.А. дар роҳ Саидова Д.Р-ро бо модараш Саидова Х.С., думболагири намуда бо мақсади ба қатл расонидан, бо корди қаблан омода кардааш бо бераҳмии махсус, дар узвҳои ҳаётан муҳими бадани охирон 12 маротиба дар ҳузури Саидова Х.С. задааст, ки аз ин ҷароҳатҳои бардошта Саидова Д.Р. ба ҳалокат расидааст.

Авлиёев А.А. баъди ба қатл расонидани Саидова Д.Р. бо нияти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо дур мондан, бо корди хоҷагидории бо худ овардааш якчанд зарба ба қисмати гардани худ задааст, ки дар натиҷа ӯ низ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, барои табобат дар беморхонаи шаҳри Роғун бистарӣ карда шудааст.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2022 судшаванда Авлиёев Аслиддин Анбиёевич бо моддаи 104 қисми2 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии талаботи моддаи 68 қисми 1  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи пурра зам намудани ҷазоҳои таъиншуда аз рӯи маҷмуи ҳукмҳо, ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати нӯздаҳ солу чор моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон