Хабарҳо

Одамкушӣ бо бераҳмии махсус !

Раҳимов Саидаҳмад Саидмуминович, 14.03.2000 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лутфӣ, хонаи №21, дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷинояти одамкушӣ бо бераҳмии махсус задааст.

Чунончӣ, ӯ, санаи 5 августа соли 2022 соати 15:40 дақиқа дар асноди хусумати шахсӣ аз ҳисоби мунтазам шунидани таҳдид, суханҳои таҳқиромез ва пастзании шаъну шарафаш нисбати худ аъзоёни оилааш вобаста ба қарздории маблағи пулӣ ба андозаи 20 000 сомонӣ аз шаҳрванд Зокирзода М.Т., дар ботинаш қасди аз ҳаёт маҳрум кардани охирин пайдо гардида, бо мақсади анҷом додани қасди худ бо олоти халандаю бурранда, яъне корд мусаллаҳ мегардад.

Сипас, ҳамон рӯз Раҳимов С.С. ба воситаи телефони мобилии худ дар барномаи иҷтимоии “Гугл-Планета” харитаи шаҳри Душанберо кушода, дар он суроғаи ш. Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Гравзаводро ҳамчун ҷои бехатар ва ҷои содир намудани ҷинояти қаблан таҳрезинамудааш интихоб мекунад.

Раҳимов С.С., бо корд мусаллаҳ гардида, нақшаи ба куҷо бурдани Зокирзода М.Т.-ро кашида, ба охирин занг зада, ӯро ба ҳудуди оромгоҳи Лучоб, даъват мекунад.

Зокирзода М.Т., ҳамроҳи ҷияни ноболиғи худ Ғанизода Х.О. бо воситаи автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра” рақами қайди давлатиаш 1111 GJ 03 ба ҷойи таъиншудаи Раҳимов С.С. мерасанд.

Раҳимов С.С. барои ба қатл расонидани Зокирзода М.Т. бо роҳи фиреб ба маҳаллаи Гравзавод ҳозир мегардад.

Раҳимов С.С. бо баҳонаи кадом як ашёро гирифтан танҳо аз автомашина фаромада, гирду атрофро омӯхта, боварӣ ҳосил мекунад, ки барои содир намудани ҷиноят қулай аст, Зокирзода М.Т.-ро ба назди худ даъват мекунад.

Раҳимов С.С. барои ба охир расонидани қасди худ бо бераҳмии махсус бо корд, ба узвҳои ҳаётан муҳими Зокирзода М.Т. 16 маротиба зарба мезанад, ки дар натиҷа охирин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Прокурори шаҳри Душанбе, нисбати Раҳимов С.С. бо моддаи 104 қисми2 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе, аз 10 ноябри соли 2022 ба судшаванда Рахимов С.С. бо моддаи 104 қисми 2 банди «е» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол бо адо кардани ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон