Хабарҳо

Одамкушӣ бо бераҳмии махсус !

Исанқулов Муҳаммадҷон Авазович, 1985 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ҷиноятӣ одамкӯширо бо бераҳмии махсус дар ҳолатҳои зерин содир намудааст.

Чунончӣ, Исанқулов М.А., санаи 07 июни соли 2022, як адад шишаи нӯшокии спиртии арақи тамғаи «Тоҷикистон-Гость»-ро харидорӣ намуда, онро дар хонаи истиқоматиашон воқеъ дар ноҳияи Панҷ, бо ҳамроҳии падараш Бӯстонов Аваз истеъмол намудааст. Бӯстонов А., аз нушидани машруботи спиртӣ, дар ҳолати мастӣ қарор гирифта, дар хусуси рафта аз хонаи падарарӯси Исанқулов М.А., ба хонаашон овардани ҳамсару фарзандонаш, сӯҳбат намудааст. Дар ин замина байни Исанқулов М.А. ва Бӯстонов А., баҳс ва муноқиша ба миён меояд.

Исанқулов М.А., бо мақсади ғараз қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани Бустонов А., бо болғаи дар дасташ буда, ба узвҳои ҳаётан муҳим яъне cap, руйи падараш якчанд маротиба задааст, ки дар натиҷа Бӯстонов А., дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Прокурори ноҳияи Панҷ, нисбати Исанқулов М.А., бо моддаи 104 қисми 2 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон, аз 16.09.2022 сол Исанқулов М.А., дар содир намудани ҷиноятӣ дар моддаи 104 қисми 2 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 20 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

  Маркази матбуоти прокуратураи

  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон