Хабарҳо

Кӯштор ва дуздӣ !

Бегматова Миҷгона Сарахоновна, сокини ҷамоати деҳоти Ғалаободи ноҳияи Хуросон, бо дугонааш Нурмаҳмадзода Мадина, сокини ҳамин ноҳия, бо бераҳмии махсус ҷинояти одамкушӣ ва дуздӣро бо маслиҳати пешакӣ, дар ҳолатҳои зерин содир кардаанд.

Чунончӣ, Бегматова М.С., аз 25.05.2021 сол, бинобар сабаби шавҳараш Абдуллоев А.И. дар Федератсияи Россия, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан, дар хонаи истиқоматии хусураш воқеъ дар деҳаи боло зикргардида, бо 3 фарзанди хурдсолаш истиқомат менамуд.

Дар ин давра байни Бегматова М.С. ва хушдоманаш Бобокалонова Г.А., мунтазам муноқишаҳои оилавӣ cap мезадааст. Бегматова М.С., дар назди худ мақсад гузоштааст, хушдоманаш Бобокалонова Г.А.-ро ба қатл мерасонад.

Бегматова М.С. шаби 2-юми майи соли 2022, ба Нурмаҳмадзода М. либосҳои шавҳарашро пӯшонида, худаш бо шарф рӯяшро маҳкам карда, дар дасташ як адад кӯрпа гирифта, вориди ҳуҷраи хоби Бобокалонова Г.А. шуда, охиринро бо роҳи буғи кардан дар назди набераи хурдсолаш ба ҳалокат расонидаанд.

Баъд аз содир кардани куштори Бобокалонова Г.А., Бегматова М.С. бо Нурмаҳмадзода М. ба ҳуҷраи дигари хушдоманаш, ки дараш қулф буд, тариқи тиреза ворид шуда, аз дохили он маблағи 220 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” бо арзиши 250 сомонӣ, як ҷуфт пойафзоли занона бо арзиши 25 сомонӣ, ва 2 ҷуфт куртаю поҷомаи Бобокалонова Г.А.-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Прокурори ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, нисбати Бегматова М.С. ва Нурмаҳмадзода М. бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, з” ва 244 қисми 2 бандҳои “б, в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ, ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон, аз 27 сентябри соли 2022 Бегматова М.С. дар содир намудани ҷиноятӣ дар моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, з” ва 244 қисми 2 бандҳои “б, в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбаташ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 18 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

Ба Нурмуҳаммадзода М. дар содир намудани ҷиноятӣ дар моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, з” ва 244 қисми 2 бандҳои “б, в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 17 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шудааст. 

 

  Маркази матбуоти прокуратураи

  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон