Хабарҳо

Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ ва сохтмони!

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Абдуллоев Фирӯз Шайдуллоевич бо моддаҳои 190 қисми1 (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ, сохтмон ва дигар корҳо) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи ноҳияи Айнӣ ба анҷом расонида шуда буд, дар суди ноҳияи Айнӣ баррасӣ карда шуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, Абдуллоев Ф.Ш. сокини ноҳияи Айнӣ, санаи 10.07.2022 сол, соати 16:50-17:00 дақиқа ҳамчун корфармо бархилофи талаботи моддаҳои 138 ва 348-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, ба челонгар Абдуллоев Зайниддин Саноатович шароити дахлдори бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро дар ҷойи корӣ таъмин накарда, барои бартараф намудани ҳамагуна хатар дар ҷои корӣ ва раванди технологӣ, бо роҳи гузаронидани чораҳои пешгирикунанда, ба таҷҳизоти истеҳсолӣ ва раванди технологии бехатар иваз намудани он чораандешӣ накардааст.

Илова бар ин, ҳамчун корфармо бархилофи талаботи бандҳои 43, 458, 459-и “Қоидаҳои ягонаи бехатарӣ ҳангоми майдакунӣ, ҷудокунӣ, бойгардонии канданиҳои фоиданок ба хелҳо ҷудокунии маъданҳо ва хокаҳо” амал намуда, бепарвои зоҳир намуда, дар минтақаи саноатии ба ӯ вобаста буда воқеъ дар мавзеи “Ҷиҷикрӯд”-и деҳаиТакфони, ноҳияи Айнӣ, ки ба истихроҷӣ маъдани сурма машғул мебошанд шароити хуби кориро фароҳам наоварда, бехатарии ҳифзи меҳнатро оид ба риояи техникаи бехатарӣ аз ҷониби кормандон, яъне аз тарафи челонгар Абдуллоев З.С., истифода набурдани камарбанди муҳофизатӣ ҳангоми иҷрои кор дар баландии зиёда аз 1,3 метр ва таъмин карда нашуданаш бо чӯббандҳои мустаҳкам, зимни иҷрои корҳои таъмирӣ дар баланди назорати дахлдори заруриро ба роҳ намондааст, ки дар натиҷа Абдуллоев З.С. зимни таъмир намудани қисми осиёи №1, сахт кардани мурватҳои осиё аз баландии 1,6 метр ба замин афтида, аз пояш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи  шаҳраки Зарафшон-1 бистарӣ  гардидааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Айнӣ, аз санаи 18.08.2022 сол Абдуллоев Ф.Ш. дар содир намудани ҷинояти моддаи 109 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда маҳкум карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон