Хабарҳо

Суиқасди одамкушӣ бо нияти ғаразнок марбут ба роҳзанӣ!

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сафаров Нарзулло Сайдуллоевич бо моддаҳои 249 қисми 3 банди “г”(роҳзанӣ бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 32 қисми 3, 104 қисми 2 банди “и” (суиқасди одамкушӣ ба нияти ғаразнок марбут ба роҳзанӣ) КҶ ҶумҳурииТоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуда буд, дар суди шаҳри Душанбе баррасӣ карда шуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Сафаров Н.С., зода ва сокини шаҳри Душанбе, санаи 02-ноябри соли 2021 тахминан соати 2030 дақиқа бо мақсади ба даст овардани маблағ бо роҳи роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок вориди мағозаи фурӯши хӯроквории “Шукрона”, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, бинои 57 шуда, баҳонаҷӯи карда, аз фурӯшандаи он Маҳмадов Абдувоҳид Орифович,  маҳсулоти хӯрокворӣ қарз мепурсад. Баъди гирифтани ҷавоби рад дар хусуси надодани қарз аз фурӯшанда Маҳмадов А.О. реҷаи кориашро аниқ карда, аз мағоза баромада меравад.

Сафаров Н.С. ба манзили зисташ рафта, аз онҷо табари оҳанини худсозро дохили ҷуздон бо худ гирифта бо мақсади амалӣ кардани нақшаи таҳрези намудааш, вориди мағоза шуда, бо баҳонаи харидорӣ кардан, аз фурӯшанда Маҳмадов А.О. хоҳиш менамояд, ки ба ӯ ангур баркашад. Фурӯшанда Маҳмадов А.О. саргарми баркашидани ангур мешавад ва дар ин лаҳза Сафаров Н.С. аз фурсати муносиб истифода бурда, аз ҷуздонаш табари мусаллаҳгардидаашро бароварда, бо он ба Маҳмадов А.О. ҳуҷум карда, як зарба ба пушти сари номбурда мезанад, ки дар натиҷа охирин ба замин афтида, аз ҳуш меравад. Баъдан, ӯ Маҳмадов А.О-ро кашолакунон ба назди хазина оварда, аз дохили хазина маблағи 4000 сомониро мегирад. Ҳангоми аз дохили хазина баромадан, ӯ мебинад, ки Маҳмадов А.О. ба ҳуш омада истодааст ва дидаю дониста, ки номбурда бе ҳаракат аст, бо мақсади ба қатл расонидани Маҳмадов А.О. се-чор зарбаи дигар бо табари оҳанин ба мавзеи сару рӯяш мезанад, ки дар натиҷа Маҳмадов А.О. беҳаркат шуда, аз ҳуш меравад. Дар ин маврид Сафаров Н.С. оиди ба қатл расонидани номбурда бовари ҳосил карда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Аммо бо сабабҳои аз ӯ вобаста набуда Маҳмадов А.О. ба ҳалокат нарасида, ба ҳуш омада, барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ бародарашро даъват мекунад.

Боз Сафаров Н.С.такроран бо мақсади ба даст овардани маблағ бо роҳи роҳзанӣ, санаи 06-ноябри соли 2021 тахминан соати 02 аз назди дорухонаи “Гарант”, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Фирдавсӣ автомашинаи ширкати мусофиркашонии “Рахш такси” тамғаи “КИА ОПТИМА”, рақами қайди давлатиаш 92-66 ТТ 05, ки таҳти идораи ронанда Соҳибназаров Муродбек Зиёбекович буд, киро карда, бо мақсади амалӣ намудани нақшаи таҳрезикардааш махсус дар нишастгоҳи оқиб дар паси ронанда нишаста, фармоиш медиҳад, ки ба самти кӯчаи Н.Қарабоев ҳаракат намояд. Дар роҳ ӯ махсус ҷои муносиб, яъне бе одамро интихоб карда, ҳангоми дар назди бинои 92/2-и кӯчаи Н.Қарабоев расидан, аз ронанда Соҳибназаров М.З. талаб менамояд, ки автомашинаро нигоҳ дорад. Ҳангоми дар нуқтаи фармудааш таваққуф кардан, ӯ ба худ имконияти муносиб пайдо карда, аз ҷуздонаш табари худсози оҳанани қаблан мусаллаҳгардидаашро бароварда, ба Соҳибназаров М.З. ниҳонӣ ҳуҷум карда, дар маҷмӯъ се маротиба ба пушти сараш зарба мезанад, ки дар натиҷа охирин ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардорад. Ронанда Соҳибназаров М.З. бошад, худро муҳофизат карда, аз дасти ӯ табарро гирифта, аз автомашина берун мешавад. Дар натиҷа ӯ ба мақсади нопоки худ нарасида, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

Сафаров С.Н.такроран бо мақсади ба даст овардани маблағ бо роҳи роҳзанӣ, санаи 07-ноябри соли 2021 тахминан соати 16 вориди мағозаи фурӯши хӯроквории “Мини маркет”, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Ҷомӣ, бинои 8 шуда, аз фурӯшандаи он Каримов Хисравшоҳ Шохужаевич хоҳиш менамояд, ки ба ӯ “печенье” баркашад. Фурӯшанда Каримов Х.Ш. саргардони баркашидани “печенье” шуда, ӯ бошад аз фурсати муносиб истифода бурда, аз ҷайбаш калиди газии ҳаҷмаш хурди бо худ овардаашро бароварда, дидаю дониста, ки Каримов Х.Ш. бехабар аст, нинҳонӣ ҳуҷум карда, зиёда аз даҳ зарба ба пушти сари номбурда мезанад. Фурӯшанда Каримов Х.Ш. худро муҳофизат карда, аз ҷояш бархеста, имконият намедиҳад, ки минбаъд низ вайро зери лату куб қарор диҳад. Дар ин лаҳза, мизоҷон вориди мағоза шуда, ӯ тарсида бинобар ба мақсади нопоки худ нарасидан, аз ҷойи ҳодиса фирор менамояд.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе шаҳрванд Сафаров Н.С. дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 249 қисми 3 банди “г” ва 32 қисми 3, 104 қисми 2 банди “и” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда,  ба ӯ бо ин моддаҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 16 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон