Хабарҳо

Одамкӯши!

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шерстнёв Владимир Ильич бо моддаҳои32 қисми 3-138 қисми3 банди “а” (Суиқасди таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба сини  чордаҳсолагӣ нарасида) ва 104 қисми 2 банди “в” (Одамкушӣ нисбати шахси баръало ноболиғ) КҶ ҶумҳурииТоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуда буд, дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасӣ карда шуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Шерстнёв Владимир Ильич, аввалҳои моҳи феврали соли 2022 бо хурдсол Ғоибназарова Марҳабо Маъруфжоновна, санаи таваллудаш 27 июни соли 2008 шиносоӣ пайдо намуда, бинобар ҷойи зист надоштани охирин, номбурдаро бо модараш муваққатан дар манзили худ, ки бо волидонаш истиқомат мекард, ҷой мекунад.

Сипас ӯ, 28 феврали соли 2022 тахминан соати 0800 дақиқа 4 адад шишачаи махлули спирти 70 %-ро нӯшида, хурдсол Ғоибназарова М. М.- ро гӯё бо мақсади кӯмак кардан бо худ ба манзили истиқоматии шаҳрванд Юсупов Ҷаҳонгир Юсупович, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи А. Қаҳҳоров, бинои 149, ҳуҷраи 46, ки дар онҷо бо корҳои таъмирӣ машғул буд, мебарад.

Дар рафти иҷрои корҳои таъмирӣ боз 2 адад шишачаи спирти 70- %-ро истеъмол карда, бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ тахминан соати 1200 дақиқа ба назди ноболиғ Ғоибназарова М. М., ки дар дигар ҳуҷра истироҳат мекард, омада  пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ намуданро мекунад.

Ғоибназарова М.М. ба ӯ ҷавоби рад медиҳад, вале Шерстнёв В.И. ором нашуда, боз 2 адад спирти 70 %- ро нӯшида, дар ҳолати мастӣ, бо истифодаи зӯроварӣ қасди таҷовуз ба номуси хурдсол Ғоибназарова М.М.-ро менамояд.

Бинобар муқобилияти зиёд нишон додани Ғоибназарова М. М. ин амалашро Шерстнёв В.И. то ба охир ба анҷом расонида натавониста, ба ғазаб омада, дар ботинаш қасдӣ аз ҳаёт маҳрум кардани номбурда ба вуҷуд омада, бо мақсадӣ содир намудани куштор, дастони ӯро бо пой ва дасташ дошта, бо дасти чапаш ноболиғ Ғоибназарова М.М.-ро буғӣ карда, ба қатл мерасонад.

Баъдан либосҳои аз танаи марҳум Ғобиназарова М.М.-ро кашидаро бо худ гирифта, ҷасадро дар зери курпачаҳо  пинҳон намуда, дари хонаро махкам карда, ба самти корхонаи (Сабзазоркунӣ) рафта, либосҳои марҳумро дар онҷо партофтааст. Худаш бошад дигар ба ин манзил нарафтааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шаҳрванд Шерстнёв В.И. дар содир намудани  ҷинояти дар моддаҳои 32 қисми 3, 138 қисми 3 банди “а” ва 104 қисми 2 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин моддаҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 29 сол таъин карда шуд.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон