Хабарҳо

Одамкӯши ва роҳзанӣ !

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Суҳроби Иброҳим Каримзода, бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а, з, и, п,” ва 249 қисми 3 бандҳои “а, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ваҳдат ба анҷом расонида шуда буд, дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ карда шуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Суҳроби И.К. ҳангоми дар шаҳри Ступинои вилояти Москваи Федератсияи Руссия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан, 26 декабри соли 2016 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустамов Шуҳрат Шойимович, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Лутфулло Бегмуродовичро тавассути автомашинаӣ таҳти идораи Рустамов Ш.Ш. қарор дошта ба кӯчаи Чайковскии шаҳри Ступинои вилояти Москва бурдаанд.

Баъди расидан ба маҳаллаи зикршуда, Суҳроби И.К. аз рӯи нақшаи ҷиноятии қаблан таҳрезинамудаашон аз нишастгоҳи қафои автомашина бо дастонаш гардани Раҳмонов Л.Б.-ро, ки дар курсии пеши автомашина нишаста буд, сахт фишурда, роҳҳои нафаскашиашро буғӣ ва маҳкам карда, ӯро қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтааст.

Суҳроби И.К. ва Рустамов Ш.Ш. баъди аз ҳаёт маҳрум сохтани Раҳмонов Л.Б, маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 4000 рубли русӣ ва телефони мобилии тамғаи “Nokia- 230”-ро, ки 2961 рубли русӣ арзиш доштааст, тасарруф намуда, ҷасади номбурдаро ба мавзеи беодами наздикии истгоҳи нақлиётии “Песочная”-и шаҳри Ступинои вилояти Москваи Федератсияи Руссия бурда партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ба ғайр аз ин, Суҳроби И.К. такроран санаи 11 январи соли 2017 бо ҳамин тарзу усул ҳангоми дар кӯчаи Овражнаяи шаҳри Ступинои вилояти Москваи Федератсияи Руссия карор доштанаш, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустамов Ш.Ш. нақшаи содир намудани ҷиноятӣ роҳзанӣ ва минбаъд куштори шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Исматов Ш.Н.-ро тарҳрезӣ намуда, Суҳроби И.К. аз нишастгоҳи қафои автомашина бо харду дастонаш гардани Исматов Ш.Н.-ро, ки дар курсии пеш, дар сари чанбараки автомашина нишаста буд, сахт фишурда, роҳҳои нафаскашиашро буғӣ ва маҳкам карда, охиринро касдан аз ҳаёт маҳрум сохтааст.

Суҳроби И.К. ва Рустамов Ш.Ш. баъди аз ҳаёт маҳрум сохтани Исматов Ш.Н. маблағҳои пули ӯро дар ҳаҷми 1000 рубли русӣ, телефони мобилии тамғаи “Samsung-13”, ки 7543 рубли русӣ арзиш дошт, тасарруф намуда, ҷасади охиринро тавассути автомашинаи тамғаи “Опел Зафира”, ки ба шаҳрванди Федератсияи Руссия Теплова А.К. тааллуқ дошт, ба мавзеи беодами 66 км канори шоҳроҳи автомобилгарди “Каширское шоссе”-и ҳудуди ноҳияи Домодедовои вилояти Москва бурда, партофтаанд.

Сипас, Суҳроби И.К. ва Рустамов Ш.Ш. воситаи нақлиёти зикршударо ба назди Маркази савдои “Карусел”, воқеъ дар шаҳри Москва, кӯчаи Поляна бурда, онро, ки 400 821 рубли русӣ арзиш дошт, ба шаҳрванди Федератсияи Руссия Рамазанов Ахмед Рамазанович ба маблағи 79000 рубли русӣ фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашонро ба минфиатҳои шахсиашон сарф кардаанд.

Бо ҳукми коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 29 июни соли 2022 Суҳроби И.К.бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а, з, и, п,” ва 249 қисми 3 бандҳои “а, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон