Хабарҳо

Риоя нагардидани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ !

Раҳмониён Абдумансури Амирзод, дар асоси фармони раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2020, таҳти №1077 ба ҳайси мутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат, таъин гардида, то инҷониб фаъолият карда, ба вайронкунии қонунгузорӣ оиди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ даст задааст.

Чунончӣ, дар давраи фаъолияти кориаш аз тарафи сардори Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат, ба Раҳмониён А.А., зиёда аз 25 муроҷиатҳои шаҳрвандон барои баррасӣ вогузор карда шудааст.

Аммо, номбурда ҳангоми баррасии муроҷиатҳо талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро сарфи назар карда, бо муроҷиати соҳибкори инфиродӣ Каримов Абдураҳмон, ки он дар истеҳсолоташ қарор дошта, бе сабабҳои узрнок муҳлати баррасии муроҷиати мазкурро дағалона вайрон намуда, то ин ҷониб фаъолияти соҳибкориашро қатъ накарда, ба муалифи ариза ҷавоби хаттӣ ирсол накардааст.

Тибқи талаботи моддаи 17 қисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мақомоти баррасикунандаи муроҷиат уҳдадоранд, ки баррасии воқеъбинона, холисона, беғаразона ва саривақтии муроҷиатҳоро таъмин намуда, аз рӯи моҳияти масъалаҳои дар муроҷиат гузошташуда ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ посухи хаттӣ диҳанд.

Ҳамчунин, тибқи талаботи қисми 3 моддаи 20 Қонуни номбурда муроҷиатҳои хаттӣ дар сурате баррасишуда эътироф карда мешаванд, ки агар ҳамаи масъалаҳои дар муроҷиат зикрёфта ҳал гардида, барои таъмини ҳифз, амалигардонӣ ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии муроҷиаткунанда чораҳо андешида, ба муроҷиаткунанда ҷавоби хаттӣ ирсол шуда бошад.

Прокурори шаҳри Вахдат, нисбати Раҳмониён А.А. бо моддаи 87 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, ба суд ирсол намудааст.

Бо қарори суди шаҳри Вахдат, Раҳмониён А.А. бо моддаи 87 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1920 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон