Хабарҳо

Оқибати риоя накардани қонун !

Соҳибкори инфиродӣ Баҳронов Шоаббоз Умедович, 17.06.1970 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд, санаи 17 июни 2022 сол соати 19:00 дақиқа зодрӯзи худро дар ошхонаи таомҳои миллӣ, воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷамоати деҳоти Деҳмой бо иштироки 6 нафар берун аз доираи оила баргузор намуда, талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро вайрон кардааст.

Прокурори ноҳияи Ҷ.Расулов, нисбати Баҳронов Ш.У. бо моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ба суд ирсол намудааст.

Бо қарори суди ноҳияи Ҷ.Расулов, Баҳронов Ш.У. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии бо моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 48.000 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон