Хабарҳо

Қабул ва баррасии муроҷиатҳои соҳибкорон дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти соҳибкориро ҳамчун неруи пешбарандаи рушди иқтисодӣ, таъмини ҳадафҳои миллӣ ва муҳайё намудани шароит барои зиндагии арзандаи мардум арзёбӣ намуда, дар назди мақомоти давлатӣ, аз ҷумла прокуратура оид ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорон пайваста вазифагузорӣ менамоянд.

Ҷиҳати тақвияти заминаҳои ниҳодии фаъолияти мақомоти прокуратура дар ин самт бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2021, таҳти №215 дар сохтори Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ таъсис дода шудааст.

Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорону сармоягузорон дар мақомоти прокуратура ҳамчун  самти афзалиятноки назорати прокурорӣ эътироф гардида, бо ин мақсад Фармони Прокурори генерали Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2022, №5-31 “Оид ба ташкили назорати прокурорӣ ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” қабул гардидааст.

Дар ҳамин радиф ба прокуророн дастур дода шудааст, ки  назорати иҷрои қонунгузориро дар ин самт таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои соҳибкорону сармоягузорон рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта “Рӯзи ягонаи қабули соҳибкорону сармоягузорон дар ҳама зинаҳои мақомоти прокуратура”  эълон карда шудааст.

Эълонҳо дар ин хусус мунтазам дар шабакаҳои телевизионӣ пахш карда шуда, ҳамзамон рақамҳои телефонии дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ҷиҳати тамос қайд мешаванд.

Бо мақсади беҳтар намудани робита бо соҳибкорон ва сари вақт дастрас ва баррасӣ гардидани муроҷиатҳои онҳо рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта “Рӯзи ягонаи қабули соҳибкорон дар мақомоти прокуратура” эълон карда шудааст.

Баҳри барқарор намудани тамоси бевосита бо доираҳои соҳибкорӣ  ва хабардор шудан аз мушкилот, бахусус арзу шикоятҳои онҳо аз тарафи Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ:

           - 18 апрел ва 29 июли соли равон бо роҳбарон ва намояндагони ассосиатсия ва иттиҳодияҳои соҳибкорон, ки аз манфиатҳои соҳибкорони тамоми соҳаҳо намояндагӣ менамоянд, вохӯрӣ гузаронида шуда, роҳҳои тамоси фаврӣ ва мубодилаи иттилоот оид ба муроҷиатҳои соҳибкорон бо мақомоти прокуратура фаҳмонида шуд;

          - ҳамин гуна вохӯриҳо санаи 24 апрел дар бинои Раёсати андози вилояти Хатлон бо 235 нафар соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят  баргузор карда шуда, рафти он тавассути телевизион вилоят намоиш дода шуд;

          - ҳамзамон мусоҳибаи кормандони Раёсат бо рӯзноманигори ТВ “Хатлон” доир ба баррасии муроҷиатҳои соҳибкорон дар мақомоти прокуратура ва роҳҳои таҳкими алоқаи мустақими соҳибкорон бо мақомоти прокуратура дар шабакаи мазкур банаворгирӣ ва пахш карда шуд;

         - санаи 29 апрел дар ноҳияи Шаҳринав бо 35 нафар роҳбарони ташкилотҳои соҳибкории шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав вохӯрӣ ва мубодилаи афкор оид ба вазъи баррасии муроҷиатҳои соҳибкорон дар мақомоти давлатӣ, инчунин  имкониятҳои ҳимояи прокурории ҳуқуқҳои соҳибкорон баргузор карда шуд. фаъолият дар ин самт идома дорад.

         Натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон, бахусус вазъи баррасии муроҷиатҳои онҳо дар мақомоти давлатӣ санаи 26 майи соли равон дар ҳамоиши илмию-амалӣ дар мавзӯи “Баррасии муроҷиатҳои соҳибкорону сармоягузорон, мушкилот ва роҳхои ҳалли он”, ки дар Китобхонаи миллӣ баргузор мегардад, муаррифӣ карда шуданд.

Дар натиҷаи ин чорабиниҳо боварии соҳибкорон ба ҳалли одилона ва қотеъонаи ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби мақомоти прокуратура афзуда,  соҳибкорону сармоягузорон бо масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқҳои худ аз амалҳои ғайриқонунии мақомоти назоратию санҷишӣ, гузаронидани санҷишҳои беасоси фаъолияти онҳо, татбиқи нодурусти қонунгузорӣ аз натиҷаи санҷишҳо ва ғайра шифоҳию хаттӣ ба мақомоти  прокуратура муроҷиат менамоянд. 

Дар давоми солҳои 2021-2022 ба Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ 85 муроҷиатҳои хаттии соҳибкорон ворид ва 43 адади онҳо бевосита баррасӣ гардида, аз ин миқдор 21 адад ё қариб 50 фоизи онҳо қонеъ карда шудааст.

          Тибқи дастуру супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод аз ҷониби Раёсат пурсиш ва қабули сайёри соҳибкорон дар бозорҳо, марказҳо ва нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ  ба роҳ монда шуда, дар давоми  6 моҳи сипаришудаи соли равон дар натиҷаи чунин чорабиниҳо 8 ҳолати содир намудани ҷиноятҳо муқобили манфиатҳои соҳибкорон ошкор карда шуда, нисбати шахсони гунаҳгор  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Дар маҷмӯъ аз натиҷаи санҷишҳои гузаронида доир ба риояи қонунгузорӣ зимни баррасии муроҷиатҳои соҳибкорон дар давоми якуним соли охир аз тарафи прокуророн баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 120 амр, 98 пешниҳод ирсол, 78 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ 105 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, 12 парвандаи ҷиноятӣ  оғоз карда шудааст.

Соҳибкорону сармоягузорон метавонанд итминон дошта бошанд, ки ҳар яку арзу шикоятҳои онҳо дар мақомоти прокуратура мавриди санҷиши дақиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо ҳифз карда хоҳанд шуд.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон