Хабарҳо

Наҷоти табибон !

Раҳимов Идибой Каримович, 1965 соли таваллудаш, сокини ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, бо Кенҷаева Муродгул Ҷаборқуловна, тариқи расму оини мусулмони оиладор шуда, аз зиндагии оилавияшон соҳиби як фарзанд гардидаанд.

Раҳимов И.К. дидаю дониста, ки бо Кенҷаева М.Ҷ. дар муносибатҳои оилавӣ қарор дошта, аз ҷиҳати моддӣ тобеъи ӯ мебошад, аз моҳи августа соли 2021 мунтазам нисбати Кенҷаева М.Ҷ. муносибати бераҳмона ва бешармонаро ҷоиз дониста, шаъну эътибори ӯро паст мезадааст. Кенҷаева М.Ҷ. аз ин кирдорҳои шавҳараш Раҳимов И.К. тоқат накарда, санаи 1 марта соли 2022 тахминан соатҳои 13.30 дақиқа даст ба сӯиқасди худкушӣ зада, дар манзили истиқоматияш воқеъ дар ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати Навзамин, деҳоти Умед, маҳлули сирко (Уксус) истеъмол намуда, баъди ба беморхонаи маркази бистарӣ гаштан, ҳаёташ наҷот дода шудааст.

Прокурори ноҳияи Дӯстӣ, нисбати Раҳимов И.К. бо моддаи 109 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷом ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Дӯстӣ, аз 20 майи соли 2022 Раҳимов И.К. дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 109 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 сол бо нигоҳ доштан дар коллонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда, бо тадбиқи моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Точикистон ҷазои таъинкарда шартан татбиқ карда нашуда, нисбати ӯ се сол мӯҳлати санҷишӣ иваз карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон