Хабарҳо

Таълимоти ғайриқонунии динӣ!

Ҳалимов Насриддин Давлатович, сокини ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлон, ҷамоати деҳоти Яккатут, бархилофи талаботи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал карда, фарзандони ноболиғи худ Ҳалимов Абдураҳим Насриддинович, соли таваллудаш 12.10.2011 ва Ҳалимов Абдукарим Насриддинович, соли таваллудаш 17.07.2013-ро ки хонандагони синфҳои 2 ва 4-и МТМУ №54-и ноҳияи мазкур мебошанд, барои дар назди шаҳрванд Абдизода Маҳмадулло Абдулло, таълимоти ғайриқонунии динӣ омӯхтан иҷозат додааст.

Прокурори ноҳияи А. Ҷомӣ, нисбати Ҳалимов Н.Д. бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати Абидзода М.А. бо моддаи 474 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол намудааст.

Бо қарори суди ноҳияи А.Ҷомӣ, аз 14.02.2022 нисбати Ҳалимов Н.Д. ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 192 сомонӣ ва нисбати Абидзода М.А. 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 640 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон