Хабарҳо

Азонихудкунии амвол, қочоқ, сохтакорӣ ва қалобӣ !

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳайдаров Азизжон Нумонович ва Сафаров Ширинҷон Раҳмонович, бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 289 қисми 4 банди “а”, 36 қисми 5-340 қисми 2 бандҳои “а, б” ва 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ ба анҷом расонида шуда буд, дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, баррасӣ кард.

Дар рафти тафтишоти пешаки ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Ҳайдаров А.Н. ва Сафаров Ш.Р., ки дар асоси маслиҳати пешакӣ бо нозир-хазиначии шуъбаи молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Нуъмонзода С.С. бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва ё аз ӯҳдадорӣ озодкунанда барои ба расмият даровардани молу маҳсулотҳои аз Ҷумҳурии Халқии Чин вориднамудаи соҳибкор Ҳайдаров А.Н. ғайриконунӣ маблағҳои хазинаро гирифта, ба номи ширкатҳои тиҷоратии пешниҳоднамудаи охирин интиқол дода, расидҳои қалбакӣ оиди қабули маблағ тартиб додаанд.

Минбаъд, Ҳайдаров А.Н. ва Сафаров Ш.Р.  дар асоси расидҳои бо роҳи сохтакорӣ пешниҳоднамудаи Нуъмонзода С.С. молу маҳсулотҳои вориднамудаашонро ба расмияти гумрукӣ дароварда, бо ин роҳ маблағи 12 313 364, 47 сомониро тасарруф намудаанд.

Инчунин, Ҳайдаров А.Н. аз моҳи октябри соли 2013 то моҳи ноябри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон Исматуллоев Ҳ.А., Нуъмонзода С.С. ва Ҳакимов Д.А. даромада, маблағҳои пулӣ онҳоро тасарруф намуда, ба ҷабрдидагон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ҳайдаров А.Н. пас аз содир кардани ҷиноятҳои зикргардида ба Ҷумҳурии Туркия фирор карда, моҳи январи соли 2021 огоҳ шудааст, ки рафиқаш Қаҳоров Э.З.-ро дар ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон барои содир кардани ҷиноят дастгир гардидаанд. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, Ҳайдаров А.Н. дар асоси маслиҳати пешакӣ бо писараш Ҳайдаров Абубакр бо падари Қаҳоров Э.З. шаҳрванд Ҳамитов Ғ. ба воситаи алоқаи мобилӣ дар тамос шуда, бо баҳонаи аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Узбекистон озод намудани Қаҳоров Э.З. аз Ҳамитов Ғ. ба воситаи писараш Ҳайдаров Абубакр маблағи 20 000 доллари ИМА гирифта, ба манфиатҳои шахсиашон истифода кардаанд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз 1 июни соли 2022 Ҳайдаров А.Н. ва Сафаров Ш. Р. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 289 қисми 4 банди “а”, 36 қисми 5-340 қисми 2 бандҳои “а,б” ва 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ба Ҳайдаров А.Н. ҷазои 23 сол ва ба Сафаров Ш.Р. ҷазои 17 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғулшудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ишғоли мансабҳои ҷавобгарии модди дошта ба муҳлати 5 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шудааст.

Манзилҳои истиқоматӣ мансуб ба Ҳайдаров А.Н., воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, гузаргоҳи 1, хонаҳои 13, 14, 30, 35, 37, манзилҳои истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳ. Мирзоев. хонаҳои 28, 39, 41, манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакй, бинои 98, хонаи 6 ва бинои анборхона, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳоров, хонаи 564 баҳри барқароркунии зарари ба давлат ва ҷабрдидагон расонида шуда мусодира карда шудаанд.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон