Хабарҳо

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ!

Хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии дидбонгоҳи сарҳадии №4 «Ғалаба»-и қисми ҳарбии 0307  Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор, сержанти хурд Садуллоев Сиддиқ Баҳруллоевич, аз ҳамхизмати худ афсари қаторӣ Боқиев М.К. талаб менамояд, ки  болопӯши зимистонаи худро барои истифодаи муваққатӣ ба ӯ диҳад. 

Афсари Қаторӣ Боқиев М.К. талаби сержанти хурд Садуллоев С.Б-ро рад карда, дар ин лаҳза сержанти хурд Садуллоев С.Б. ба ғазаб омада, қоидаҳои Оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро вайрон намуда, бар хилофи талаботҳои моддаҳои 6, 9, 13, 14, 16, 35, 64 ва 155  Оинномаи хизмати дохилӣ ва моддаҳои 1, 4, 5 ва 6 Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо мушт 2-3  маротиба зарбаҳои сахти пайдарҳам ба қафаси синаи Боқиев М.К. задааст.

Аз зарбаҳои ӯ афсари қаторӣ Боқиев М.К. зарари вазнин ба саломатӣ бардошта аз ҳушрафта ба замин меафтад, дар ин  вақт сарбозон ва афсарони дидбонгоҳ дар ҳол Боқиев М.К.-ро барои расонидани кӯмаки тиббӣ гирифта ба беморхонаи марказии ноҳияи Фархор мебаранд, ки дар натиҷа афсари қаторӣ Боқиев М.К. ҳангоми ба беморхона бурдан вафот кардааст.

Прокурори ҳарбии гарнизонии шаҳри Кӯлоб, нисбати сержанти хурд Садуллоев С.Б. бо моддаҳои 373 қисми 2 бандҳои «б, д» ва 110 қисми 3  банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон, аз 5  апрели соли 2022 Садуллоев С.Б. бо моддаҳои 373 қисми 2 бандҳои «б, д» ва 110 қисми 3  банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ дар асоси моддаи 67 қисми 3  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13  сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон