Хабарҳо

Сӯиқасди ҷиноят !

Раҳмонзода Маъруф Рамазон, ҷинояти сӯиқасди таҷовуз ба номусро дар ҳолати зерин содир намудааст.

      Чунончӣ, ӯ шаби 23 ба 24 январи соли 2022, дар ҳолати мастӣ  ҳамроҳи рафиқонаш Зиёев Ҳ., Самиев К. ва Раупов Н., аз шаҳри Бохтар, бо мақсади сайру гашти шабона ба шаҳри Душанбе ба воситаи автомашинаи шахсиаш равон шудааст.

    Дар роҳ, Раҳмонзода М.Р. шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон Керимова Айгул Джангелдиевна, ки охиринро ҳамчун пешхизмати тарабхонаи “Эҳсон”-и шаҳри Бохтар мешинохт дида, мошинро дар назди вай нигоҳ дошта, бовар кунонидааст, ки бо вай ба шаҳри Душанбе барои сайру гашт рафта, худи ҳамон шаб боз ба хонааш оварда мерасонад.

    Раҳмонзода М.Р. Керимова А.Д.-ро ба маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бурда, дар ҳолати мастӣ, автомашинаро дар ҷои торикӣ нигоҳ дошта, аз набудани рафиқони номбурдааш истифода бурда,дарҳои онро қулф ва мусиқиро баланд карда, хостааст, Керимова А.Д.-ро таҷовуз намояд. Керимова А.Д. ба Раҳмонзода М.Р. муқобилият нишон дода, Раҳмонзода М.Р. аз доду фиғон ва муқобилияти Керимова А.Д. тарсида, кирдори қасдонаи худро ба анҷом расонида натавонистааст.

     Прокурори вилояти Хатлон, нисбати Раҳмонзода М.Р., бо моддаҳои 32 қисми 3-138 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷом ба суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, ирсол намудааст.

     Бо ҳукми судӣ шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, аз 03.03.2022 сол Раҳмонзода М.Р. бо моддаҳои 32 қисми 3-138 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 3 сол, бо тадбиқи моддаи 71-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сол мӯҳлати санҷишӣ ва бо ҷазои ҷарима ба маблағи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон