Хабарҳо

Оқибати одамкӯши !

      Шаҳрванд Юлдошзода Манучеҳри Талбак, 4 майи 1999 соли таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти “К.Исмоилов", дехаи Абдуллообод, дар ҳолати зерин ҷинояти одамкӯширо содир кард.

    Чунончӣ, Юлдошзода М.Т. тахминан моҳи декабри соли 2021 бо шаҳрванд Шарипова Дилором Ҳикматуллоевна, 21 июни 1971 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи шаҳри Вахдат, кӯчаи “К.Хуҷандӣ”, хонаи 2/3 шиносои пайдо карда, бо номбурда ба маблағи 160 сомонӣ дар манзили истиқоматиаш алоқаи ҷинсӣ намудааст.

     Санаи 31 декабри соли 2021, тахминан соати 14:00 дақиқа Юлдошзода М.Т. бо шаҳрванд Шарипова Д.Ҳ. дар назди даромадгоҳи боғи фархангию фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Вахдат вохӯрда, барои ба маблағи 150 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ кардан ба манзили истиқоматии Шарипова Д.Ш., дар нишонаи дар боло зикршуда рафтаанд. Пеш аз омодагӣ барои алоқаи ҷинсӣ карданашон, Юлдошзода М.Т. аз Шарипова Д.Ҳ. оиди аз даҳонаш бӯи машруботи спирта эҳсос кардан, эрод гирифтааст. Шарипова Д.Ҳ. ба эроди овардаи Юлдошзода М.Т. ба қаҳру ғазаб омада, бо дастонаш ба рӯи номбурда як маротиба зарба зада, бо алфози қабеҳ ӯро дашном дода, шаъну шарафашро паст задааст.

       Юлдошзода М.Т. аз ин рафтор ва кирдори Шарипова Д.Ҳ. ба ғазаб омада, бо баҳонаи аз даҳони номбурда набаромадани бӯи ғализи машруботи спиртӣ, бо истифода аз рӯймол даҳону гардан ва дастони Шарипова Д.Ҳ.-ро аз қисми пеш баста, бо охирин алоқаи ҷинсӣ кардааст.

        Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ кардан Юлдошзода М.Т. суханҳои таҳқиромези пасткунандаи шаъну эътибори нисбаташ баённамудаи Шарипова Д.Ҳ.-ро ба хотир оварда, қасдан, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани номбурда гиреҳи рӯймоли дар  гардани охирин басташударо бо истифодаи зӯроварӣ бо дасти чапаш ба тарафи қафои гарданаш кашида, бо ин роҳ вайро буғӣ карда, Шарипова Д.Ҳ.-ро ба ҳалокат расонидааст.

       Ҳамчунин, Юлдошзода М.Т. баъди боварӣ ҳосил кардан, ки Шарипова Д.Ҳ. ба ҳалокат расидааст, кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, ҳуҷраи хоби Шарипова Д.Ҳ.-ро кофтуков карда, аз зери курпаю курпачаҳои болои сандуқи манзили истиқоматии номбурда 150 сомонӣ маблағи пулии номбурдаро тасарруф намудааст.

         Прокурори шаҳри Ваҳдат, нисбати Юлдошзода М.Т. бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 244 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намудааст.

      Бо ҳукми суди шаҳри Вахдат аз 30 марти соли 2022 Юлдошзода М.Т. дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 104 қисми 1 ва 244 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

 

        Маркази матбуоти Прокуратураи

        генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон