Хабарҳо

Одамкӯши бо бераҳмаии мхсус !

  Суди вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шарипова Умеда Ашуралиевна, бомоддаи 104 қисми2 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи ноҳияи Фархор ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд. 

    Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Шарипова У.А., санаи 9 ноябри соли 2021 тахминан соати 11.10 дақиқа бо баҳонаи ночиз бо хушдоманаш Олимова Файзигул Ғуломовна, дар манзили зисташ, воқеъ дар деҳаи Муҳоҷиробод, ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор, муноқиша намуда, бааъди муноқиша намудан Шарипова У.А. оиди дар хона набудани шавҳараш Холдоров Ю.Б. истифода намӯда, дидаву дониста, ки хушдонманаш зани солхӯрда ва камқувват мебошад бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани Олимова Ф.Ғ. аз ошхонаи манзили зисташ корди хоҷагидориро гирифта, бо он мусаллаҳ гардида, хушдоманаш Олимова Ф.Ғ.-ро думболагирӣ намудааст.

    Ҳангоми думболагирӣ намудан Шарипова У.А. дар роҳрави назди бинои ошхона ва ҳаммоми манзили зисташ Олимова Ф.Ғ.-ро зада аз пой афтонида, бо корди дар дасташ буда, аз ҳиссиёти бадбинӣ дар ҳузури кӯдаки хурдсолаш Шарипов Усмонҷон Юсупович, ки ҳанӯз 6 сола буда, набераи Олимова Ф.Ғ. мебошад, бо бераҳмии махсус ва сангдилӣ ба қисматҳои ҳаётан муҳим, яъне гардан, рухсора ва дастпанҷаҳои хушдоманаш 8 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷаи зарбаҳои расонидааш Олимова Ф.Ғ. дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

    Бо ҳукми суди вилояти Хатлон, аз 5 январи соли 2022 судшаванда Шарипова У.А., бо моддаи 104 қисми 2 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати17 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъйин карда шудааст.   

       

        Маркази матбуоти

        Прокуратураи генералӣ