Хабарҳо

МУОМИЛАИ БЕРАҲМОНА ВА ПАСТЗАНИИ МУНТАЗАМ БА ХУДКУШӢ РАСОНИД

 Прокуратураиноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон тафтиши парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Саидкулиев Шомурод Яхшикулович ва писараш Саидкулиев Мақсад Шамуродович бо моддаи 109 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуда буд.

  Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шуд, ки Саидкулиев М.Ш. зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти “Г.Гулмуродов”, деҳаи Қаҳрамон моҳи феврали соли 2019 бо тариқи расму оини мусулмонӣ бо шаҳрванд Джумаева Нурсултан Рузимурадовна, сокини ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти «Деҳқонобод», деҳаи Деҳқонобод оила барпо намуда, давоми зиндагонии якҷояашон дидаю дониста, ки Джумаева Н.Р. дигар тобеи ӯ мебошад, мунтазам тахдид, муомилаи бераҳмона ва пастзании мунтазами шаъну эътибори шахсии номбурдаро раво дида, нисбаташ суханони қабеҳ ва дашному ҳақорат намуда, беасос номбурдаро мавриди лату кӯб қарор медодааст.

   Падари Саидкулиев М.Ш.- Саидкулиев Ш.Я. бар замми ин дар рӯзҳои гарму офтобӣ келинаш Джумаева Н.Р.-ро ба корҳои саҳрой бидуни истироҳат ҷалб менамудааст.

   Дар натиҷаи ин муносибати мунтазами бераҳмонаи падар ва писар 3-маротиб ҳомиладории Джумаева Н.Р. қатъ гардидааст.

Джумаева Н.Р. ба ин кирдорҳои ноҷавонмардонаи падару писар тоқат накарда, ягона роҳи халосӣ аз кирдорҳои ҷинояткоронаи шавҳараш- Саидкулиев М.Ш. ва падари шавҳараш -Саидкулиев Ш.Я.-ро дар худкушӣ дида, 08 майи соли 2021 бо мақсади худкушӣ намудан ба хонаи падараш Джумаев Р.Г. суроғаи ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Деҳқонобод омада, аз набудани аҳли хонаводаашон ва аз фурсати барояш муносиб истифода бурда, дар равчӯби болои боми манзили истиқоматии волидайнаш худро бо руймоли сараш овехта, ба ҳалокат расонидааст.

   Бо ҳукми суди ноҳияи Дӯст Саидкулиев Шомурод ва Саидкулиев Мақсад бо моддаи 109 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ