Хабарҳо

СУИҚАСДИ ОДАМКУШӢ

 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикиситон муроҷиати шаҳрванд Алимова Зулфияро оиди бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба Муассисаи давлатии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе (Қарияи боло) бистарӣ шудани духтараш Мамаҷонова Мадина Амоновна, ки тавассути воситаҳои ахбори омма ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дод.

  Маводҳои қаблан санҷидашуда аз воҳиди тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда, омӯхта, ба пешбурди Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ қабул карда шуда, аз натиҷаи он нисбати Давлятова Азиза Турсуновна бо қисми 3 моддаи 32, қисми 1 моддаи 104 (сӯиқасди одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шавҳараш  Давлятов Лутфулло Давляталиевич бо банди “в” қисми 2 моддаи 117 (азобу уқубат) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабс гирифта шуданд.

Феълан тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ