Хабарҳо

ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ИГОР КРАСНОВ БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ ОВАРД

  29 сентябри соли 2021 Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович бо сафари корй ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

   Зимни мулоқоти дуҷониба байни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар ҳамкорӣ махсус таъкид карда шуданд.

   Прокуратураи генералии ду кишвар зимни мулоқот паҳлуҳҳои мухталифи ҳамкориро дар самти пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният, киберҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки ба ҷобаҷогузории идеологияҳои гуногуни динӣ- родикалӣ дар ҷомеа алоқаманданд, баррасӣ намуданд.

  Зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷуӣ, масъалаҳои истирдод ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

  Мулоқоти дуҷониба дар руҳияи дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии комил анҷом гирифт.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ