Хабарҳо

К у ш т о р

   Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Биглюнов Муҳаммадшо Ҷумаевич бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд.

   Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Биглюнов М.Ҷ. 26 апрели соли 2021 тариқи телефони мобилӣ зимни суҳбат бо падараш огоҳ шудааст, ки бародараш Биглюнов Рамазон Ҷумаевич падарашро барои нӯшидани нушокии спиртӣ ҷанҷол намуда, аз хона рондааст.

  Баъди шунидани шикояти падараш ӯ ба ғазаб омада, тариқи телефони мобилӣ бо бародараш ҷанҷол намуда, касди аз ҳаёт маҳрум намудани охиринро тарҳрезӣ кардааст.

   Бо ин мақсад, ӯ 27 апрели соли 2021 тахминан соати 05:30 дақиқа, аз хонаи хешаш Қурбонов Ш. ба воситаи нақлиёти кироякаш (таксии 1111) ба манзили истиқоматиашон, вокеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Гулбутта хонаи 4 ҳозир гардида, ҳангоми ба сурогаи зикргардида расидан аз ронандаи таксй Қобилов Қ.А. огоҳ гаштааст, ки хатсайри онҳо дар базаи ширкат сабт мегардад.

   Баъди огоҳ шудан оиди сабти хатсайри автомашина, Биглюнов М.Ҷ. накшаи таҳрезӣ намудаашро иваз намуда, бо автомашинам мазкур баргашта ба шаҳри Душанбе меояд.

   Сипас, ӯ нақшаи нави содир кардани ҷинояти мазкурро кашида, бо максади нагузоштани изи ҷиноят нақлиёти мусофиркаши шахей тамгаи "Волсваген-Пассат”, рақами қайди давлатиаш 5855 ВР 02 таҳти идораи Атозода Қ.М.-ро кироя карда, тахминан соати 05:50 бо роҳи мошингарди поёни деҳаи мазкур барои анҷом додани мақсади ҷинояткоронааш, яъне аз ҳаёт маҳрум сохтани бародараш Биглюнов Р.Ҷ. ба манзили истиқоматиашон ҳозир гардида, ронандаро фиреб карда 30 сомонӣ қисми маблағи роҳкироро ба ӯ дода, иброз менамояд, ки ба ҷойи кораш меравад ва баъди як соат баргашта меояд ва то омаданаш ӯро интизор шавад.

  Баъдан ӯ, аз болои симтӯри гирди боги манзили истиқоматиашон озодона гузашта, вориди таҳхона шуда, либоси варзишии рангаш сиёҳро ҳамчун ниқоб ба сараш баста, барои амалӣ намудани ҷинояти мазкур тарики тирезаи даҳлез вориди ҳуҷраи истиқоматӣ шуда, аз дохили сандуки оҳанин корди саноатии (финка) бародарашро гирифта, ба ҳуҷраи хоби охирон даромада мебинад, ки номбурда дар ҳолати оҷизӣ, яъне хоб мебошад ва корди мазкурро ба дасти росташ гирифта бо бераҳмии махсус ба гардан ва қафаси синаи бародараш 10 маротиба зарба зада, ҷароҳатҳои ҷисмонии халандаю бурранда расонидааст, ки дар натиҷа бародараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

   Прокуратураи ноҳияи Рудакӣ, нисбати Биглюнов М.Ҷ. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол нмудааст.

  Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2021 судшаванда Биглюнов М.Ҷ. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол бо адо кардани ҷазо дар колониям ислоҳии низоми сахт таъйин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ