Хабарҳо

Азонихудкунии маблағҳои буҷети

    Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Игамбердиев Абдираим Абдурахманович ва Жумабай Уулу Туратбек бо моддаҳои 323 (сохтакории хизматӣ) ва 245 қисми 2 бандҳои “в, г” (азонихудкунӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи прокуратурам ноҳияи Мурғоб ба итмом расонида шудааст, ба суд ирсол гардид.

  Муайян карда шудааст, ки Игамбердиев А.А. аз моҳи апрели соли 2020 то моҳи феврали соли 2021 дар вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Каракули ноҳияи Мурғоб кору фаъолият намуда, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бо маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби ҳамин муассисаи таълимӣ Жумабай У.Т. бо максади азонихудкунии маблагҳои пулӣ нақшаи ҷинояткоронаи худро тарҳрезӣ карда, дидаю дониста ба сохтакории табели давомнокии рӯзи корни кормандони муассиса машғул шуда, маълумотҳои баръало бардуруғро оиди ному насаби Абдуталипова А., Кулсариев Ҷ., Киябеков М., Ибраева А. ва Исманов Ж. ба табели рӯзи корӣ ҳамчун омӯзгорони ба кор ҳозиршуда ворид намуда, бо ин восита дар моҳҳои май, июн, август ва сентябри соли 2020 ба маблағи 10084 сомонӣ музди меҳнатро ба номи онҳо гайриқонунӣ гирифта, ба манфиати шахсияш сарф намудааст.

   Дар рафти тафтиши пешаки зарари ба давлат расонидашуда баркарор карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол карда шуд.

   Бо ҳукми суди ноҳияи Мурғоб Игамбердиев А.А. ва Жумабай У.Т. дар содир намудани ҷиноятҳои боло зикргардида гунаҳгор дониста шуда, маҳкум карда шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ