Хабарҳо

ОҚИБАТҲОИ НОМАТЛУБИ ИШҒОЛИ ХУДСАРОНАИ ҚИТЪАИ ЗАМИН

 Бахши назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураи шаҳри Душанбе, пас аз санҷиши прокурорӣ  барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, нисбати Махмадализода Зокир Давлатали бо қисми 2 моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда,  ба тобеияти тафтишотӣ фиристонида буд.

  Тафтишоти пешакӣ муқаррар намуд, ки Махмадализода Зокир Длвлатали, зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, муваққатан бекор, қаблан  бо моддаҳои  247 қисми 2  бандҳои “а,б,в,г” ( қаллобӣ) ва  340  қисми 2 бандҳои “б,в”(сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардидааст, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда боз даст ба ҷиноят задааст.

Чунончӣ, ӯ моҳи августи соли 2020 бидуни қарори дахлдори мақомоти иҷроияи ҳоклмияти давлатӣ, ва дигар ҳуҷҷатҳои  расмии ҳуқуқдиҳанда, худсарона  аз  ҳисоби қитъаи замини  истифодаи умуми  ноҳияи Шоҳмансури  шаҳри Душанбе, маҳаллаи  Ховарон , минтақаи 7, дар масоҳати умумии 680 метри мураббаъ  қитъаи заминро ишғол намуда, дар як қисмати он  бо истифода аз масолеҳи сохтумонии хишти лойӣ  бинои истиқоматии иборат  аз ҳуҷра бо масоҳати   8х5=40 метри мураббаъ бунёд намуда, дар баробари он  дар қисмати дигар  бо истифода аз масолеҳи  сохтмонии  хишти сементӣ  таҳкурсии  бинои истиқоматӣ  бо масоҳати  10х8 =80 метри мураббаъ  худсарона сохтмон  кардааст.

Мувофиқи хулосаи  мутахассиси Кумитаи идораи замини шнҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур, шаҳрванд Маҳмадализода З.Д.  вобаста ба қитъаи замини  худсарона ишғолнамуда ва сохтммнкардааш  ягон ҳуҷҷатҳои дахлдори  ҳуқуқмуайянкунанда надорад.

Ҳолатҳои ҷойдоштаро ба инобат гирифта бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур,  Маҳмадализода Зокир Давлатали бо қисми 2 моддаи 338-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда   маҳкум гардид.

 

Маркази матбуотии Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон