Хабарҳо

Терроризм ва оқибатҳои он

 Раёсати назорати қонуни будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Исмоилов Бахтиер Исломиддинович, бо моддаҳои 179 қисми 2 бандҳои “а,б” (Терроризм-такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) ва 187 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), ки тафтиши он аз ҷониби Раёсати тафтишоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуда буд, дар суди ноҳияи И.Сомонӣ баррасӣ карда шуд.

   Дар рафти тафтишоти пешакӣ  ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Исмоилов Б.И., дидаю дониста, ки иштирок дар фаъолияти ин ташкилот ҷиноят эътироф гардида, фаъолияти он бо ҳалномаи Суди Олӣ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф ва манъ гардидааст, бо мақсади нишон додани садоқати худ дар шабакаи иҷтимоии интернетии «Ватсап» бо номҳои мустаори «Бахтияр Исмаилов», «islomiddin ibragimovich» ва ғайра худашро ба қайд гирифта, тавассути шабакаҳои интернетии дар болозикршуда аз Идихони Рустам ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани амалҳои террористи дар қаламрави Федератсияи Россия тавсияҳо гирифта, ба воситаи корти «Сбербонк»-и Федератсияи Россия ба суратҳисоби аъзоёни ташкилоти мазкур дар давраҳои гуногун аз соли 2015 то соли 2021 маблағи зиёда аз 300.000 рубли Федератсияи Россияро гузаронидааст.

    Бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, аз 6 майи соли 2021 Исмоилов Б.И. бо моддаҳои1792 қисми 2 бандҳои “а,б” ва 187 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунҳгор дониста шуда, нисбаташ бо дастрсии моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудан ба ҷазои ниҳоӣ 15 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт маҳкум карда шудааст.

 

 Маркази матбуотии Прокуратураи

 генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон