Хабарҳо

Бори каҷ ба манзил намерасад

   Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро нисбати айбдоршавандагон Назаров Субҳиддин Розиқович, Сафаров Муҳаммадалӣ Давлатович, Сафаров Фирдавсӣ Давлатович, Саидов Ҳасан Асадуллоевич ва Раҳмонов Меҳрубон Нахимович бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (қочоқ), нисбати Сайфуллоев Қурбоналӣ Нуралиевич, Аслонов Зариф Юсупович, Одиназода Қудбиддин Назрӣ бо моддаи 314 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва нисбати Шарипов Маҳмадризо Зарифович бо моддаи 322 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (хунукназарӣ) баъди ба анҷом расонидан ба суди шаҳри Душанбе ирсол намуд.

  Гурӯҳи ҷиноятӣ таҳти роҳбарии Назаров С.Р. ва ҳаммаслаконаш 14 ноябри соли 2020 бо истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба воситаи дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поёни Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон 89 кг 343 грам 52 млг тилло, 13 489 539 риёли Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва 200 000 фунт стерлинги Шоҳигарии Британияи Кабирро аз шахсони номаълум қабул намуда, тилло ва асъори хориҷиро дар автомашинаи тамғаи “Старекс”, ки дар ҳудуди минтақаи гумрукӣ қарор доштааст, бо мақсади қочоқ бор карда, то тарозуи дидбонгоҳи гумрукии Панҷи поён овардаанд.

  Сипас, Шарипов М.З., ки дар вазифаи нозири калони дидбонгоҳи барасмиётдарории молу воситаҳои нақлиёт дар гумруки Панҷи поён кор мекард, бархилофи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бе дастрас кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, декларатсияи гумрукии транзити байналмилалиро тартиб додааст.

   Сипас, Назаров С.Р. тилло ва асъори хориҷиро ба воситаи корманди гумруки Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон Аслонов З.Ю. ва ваколатдори калони оперативии шуъбаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Қ.Н. ба шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

   Худи ҳамон рӯз соати 18:00 Назаров С.Р. бо ҳамроҳии Сафаров Ф.Д. дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми парвоз ба самти Душанбе-Дубай аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардида, аз онҳо 13 489 539 риёли Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, 200 000 фунт стерлинги Шоҳигарии Британияи Кабир ва 89 кг 343 грамм 52 млг тилло ёфта мусодира карда шуд.

    Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 20 апрели соли 2021 Назаров С.Р. ва ҳаммаслаконаш дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо ҷазоҳои сазовор татбиқ карда шуд.

 

 Маркази матбуотии Прокуратураи

 генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон