Хабарҳо

Майнӯшӣ ба фоҷиа оварда расонид

 Ишанкулова Мавлюда Рауповна соли 2008 бо Хайрулин Вагаршак Винсонович шиносоӣ пайдо намуда, ба оворагардӣ ва майнушӣ машғул шуда, муваққатан ҳамчун иҷоранишин дар манзили истиқоматии шаҳрванд Самадов Ҷ.М., воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Шукуҳӣ, гузаргоҳи 1, хонаи 70 а, ҳамчун ҳамзист зиндагӣ мекарданд. Санаи 22 апрели соли 2020, тахминан соати 22:00 Ишанкулова М.Р. бо ҳамроҳии ҳамзисташ Хайрулин В.В. дар манзили истиқоматии дар боло зикршуда машғули майнушӣ буданд, ки тахминан соати 23:30 дақиқа рафиқи деринаи Хайрулин бо номи “Дамирал”, ки шахсияташ ба тафтишоти пешакӣ номуайян мебошад, ба назди онҳо омада, бо худ як шиша арақи навъи "Тоҷикистон” оварда, ҳамроҳии онҳо менушанд ва Хайрулин В.В., ба болои кат хоб меравад.

 “Дамирал” ба Ишанкулова М.Р. пешниҳод мекунад, ки бар ивази 5 сомонӣ бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кунад.

 Ишанкулова М.Р. розӣ мешавад ва Хайрулин В.В. ин ҳолатро дида, Ишанкулова М.Р.-ро таҳқиру дашномҳои қабеҳ дода, зери лату куб қарор медиҳад ва баъди муноқиша боз рафта ба болои каташ хоб меравад.

 Ишанкулова М.Р. бо маслиҳати пешакӣ бо “Дамирал” қасди куштори Хайрулин В.В. намуда, Ишанкулова М.Р. бо корди хоҷагӣ 8 маротиба бо бераҳмии махсус ба қафаси синаи (узвҳои ҳаётан муҳими) бадани Хайрулин В.В., ки дар болои кат хоб буд, зарба зада, охиронро ба қатл мерасонад.

 Сипас, баъди ба қатл расонидани Хайрулин В.В. кордро тоза ва пинҳон карда, бо Дамирал аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда мешаванд.

 Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, нисбати Ишанкулова М.Р. бо моддаи 104 қисми 2, бандҳои “в,е,з” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишот онро ба суди ш.Душанбе ирсол намудааст.

 Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 13 августи соли 2020, Ишанкулова М.Р., дар содир намудани ҷинояти пешбиникардаи дар моддаи 104 қисми 2, бандҳои “в,е,з” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мухдати 19 сол, бо адои он дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ барои занҳо маҳкум карда шуд.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ