Хабарҳо

Қонунвайронкунии танзими анъана ва ҷашну маросим ошкор карда шуд.

  Болтаев Ҳикматулло Ҳотамович, сокини шаҳри Турсунзода, Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Даҳбед, хилофи талаботи қисми 1 моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон” амал намуда, 24 январи соли 2020 бе қайд дар мақомоти ваколатдор аз соати 1730 то 1840 зиёда аз 35 нафарро ба хонааш даъват намуда, ба муносибати туйи арӯсии духтараш Болтаева С. зиёфат додааст.

Инчунин, ӯ 25 январи соли 2020 аз сармутахассиси дамоати деҳоти Қаратоғ, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тавсиянома барои гузаронидани оши арӯсии духтараш Болтаева  Сурайё аз соати 1600 то 1900 гирифта, хилофи талаботи қонун такроран ба мардум зиёфат додааст.

Ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорй қонунвайронкунии мазкур ошкор карда шуд.

  Нисбати Болтаев Ҳ.Ҳ. 28 январи соли 2020 аз тарафи прокурори шаҳри Турсунзода, бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

  Бо қарори суди шаҳри Турсунзода аз 18 феврали соли 2020 шаҳрванд Болтаев Ҳ.Ҳ. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда дарима барои ҳисобҳо муқаррар карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ