Хабарҳо

Мулоқоти судманд

28 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти устодон ва донишҷӯён бо намояндагони Прокуратураи генералӣ Наботов М.Ғ., Одиназода С.О. ва Саидзода А.Д. доир гардид.

Ректори Донишгоҳи мазкур Усмонзода Аюб Ислом мулоқотро ифтитоҳ бахшида, дар доираи ин ташаббус аз ҷониби намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи муқовимат ба терроризм ва экстремизм” ва “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин раванд, моҳияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ,тарбияи ватандӯстӣ, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирӣ, ошкоркунӣ ва барҳам додани қонунвайронкуниҳои коррупсионӣ ва татбиқи чораҳои қонунӣ ба он қайд карда шуд.

Аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати мубориза бо таҳдидҳои муосир фаъолнокӣ нишон дода, ба эҳтиром ва татбиқи қонунҳои мазкур саҳмгузор бошанд.

Пас аз мулоқот ва суҳбати озоди намояндагони Прокуратураи генералӣ бо устодону донишҷӯён, иштирокчиёни вохӯрӣ ба саволҳои худ посух гирифтанд.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон