Хабарҳо

МУБОДИЛАИ АФКОР

Дар асоси мувофиқаҳои қаблан бадастомада, байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия рӯзи 03 майи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби прокурори ҳарбии Раёсати Сарпрокуратураи ҳарбии Федератсияи Россия Лагута Вячеслав Анатольевич ва муаллимони Донишгоҳи ҳарбии ба номи Александр Невскийи Федератсияи Россия Сливков Антон Сергеевич ва Иванов Владимир Юрьевич бо кормандони Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе машғулияти амалӣ доир гардид.

Коршиносон дар мавзӯҳои «Усул ва тартиби гузаронидани санҷиши иҷрои қонунгузорӣ дар бораи аз ҷониби шахсони мансабдори ҳарбӣ таъмини шароитҳои бехатари хизмати ҳарбӣ, пешгирии фавт ва латёбии хизиматчиёни ҳарбӣ», «Батанзимдарории ҳуқуқии фаъолияти мақомоти прокуратура» ва «Низоми омодакунии кадрҳо барои мақомоти прокуратураи ҳарбӣ» баромад намуданд.

Кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти машғулият фаъолона ширкат варзида, бо маърӯзачиён вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда суҳбат намуданд.

Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, ба хусус ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар мавзӯҳои муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир ва нақши прокурор дар таъин намудани ҷазои ҷиноятӣ машғулияти навбатиро доир намояд.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон