Хабарҳо

ПРЕСС - РЕЛИЗ оиди мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Туркия

2 майи соли 2023 дар доираи сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Ҷумҳурии Туркия вохӯрӣ бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин доир гардид.

Дар рафти он ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва масъалаи эътирофи созмону такшкилотҳои хатарзо ҳамчун террористӣ дар ҳудуди якдигар баррасӣ гардиданд.

Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин идома додани таҷрибаи пурсамари мубодилаи маълумоти фаврӣ ва муқовимати бевосита ба зуҳуроти номатлуби болозикр, аз ҷумла пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳкумшудагон ва дигар масоили муҳими соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ