Хабарҳо

Вокуниш оид ба ҳолати аз тарафи модар мавриди латукӯб қарор гирифтани тифл

Шоева Холиса Абдуллоевна, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, соли 2020 бо Алиев Сайфиддин Эргашбоевич, сокини шаҳри Гулистони вилояти Суғд оила барпо намуда, аз зиндагонии якҷоя соҳиби як фарзанд Шоҳзода Ёсуман Абдулло санаи таваллудаш 1 сентябри соли 2021 гардидаанд.

25 апрели соли 2023 байни  Алиев С. ва Шоева Х.А. муноқишаи оилавӣ сар зада, дар ин замина Шоева X. бо мақсади гирифтани қасос ва додани азоби руҳии Алиев С. аз хона баромада, Шохзода Ёсуман Абдуллои хурдсолро дар шаҳри Хуҷанд дар дохили автомашинаи мусофиркашонӣ мавриди латукӯб қарор дода, ин ҳолатро бо воситаи телефони мобилиаш ба навор гирифта ба барномаи месенҷерии “Ватсап”-и Алиев С. ирсол кардааст.

Алиев С. пас аз тамошо навори мазкурро дар расонаҳои иҷтимоӣ «Фейсбук», «Радиои озодӣ», «Парвиз ТВ» ва дигар расонаҳо паҳн кардааст.

Прокурори ноҳияи Данғара нисбати Шоева Х.А. бо моддаи 174 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст ва тафтишот идома дорад.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон