Хабарҳо

ПРЕСС - РЕЛИЗ оиди сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озорбойҷон (29 апрел-01 майи соли 2023)

29 апрели соли 2023 сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Ҷумҳурии Озорбойҷон баргузор гардид.

Зимни сафар мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озорбойҷон Камран Байрам Оғлу доир гардида, дар рафти он масъалаҳои муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, киберҷиноятҳо, эътирофи созмону ташкилотҳои хатарзо ҳамчун террористӣ дар ҳудуди якдигар ва муқовимат бо ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ  муҳокима гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ