Хабарҳо

Вокуниш

Санаи 4 январи соли 2022 дар сомонаи интернетии Радиои Озодӣ вобаста ба баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ котиби суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҳайдарова А.А. маълумот пахш карда шудааст.

Дар он суҳбати модари Ҳайдарова А.А. – Ҳайдарова Б. дарҷ гардидааст, ки гӯё фарзандаш манзили истиқоматиро бо маблағи се сол пеш дар Федератсияи Россия кор кардааш харидорӣ намудааст. Ғайр аз ин илова намудааст, ки муфаттишон духтарашро ба зидди собиқ судяи суди ноҳияи Б.Ғафуров Сайдаҳмадзода Р.С. истифода карда, баҳси хона як баҳона мебошад.

Дар асл, бо ҳукми суди ноҳияи К.Мастчоҳ аз 16 декабри соли 2022 собиқ котиби суди ноҳияи Б.Ғафуров Ҳайдарова А.А. барои содир намудани ҷиноятҳои азонихудкунии молу мулки ғайр, қаллобӣ ва сохтакории далелҳои парвандаи гражданӣ гунаҳгор дониста шуда, бо дар назардошти таллофӣ накардани маблағи зарари расонидашуда, вазнинии ҷиноятҳои содиршуда, хавфи ҷамъиятии онҳо, шахсияти судшаванда, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунанда аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол маҳкум карда шудааст.

Дар мурофиаи судӣ ҳолати аз ҷониби Ҳайдарова А.А. бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намудани манзили истиқоматии шаҳрванд Ҳайдарова М.М. дар шаҳри Хуҷанд ва бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани маблағҳои шаҳрванд Маҳмудӣ А. ба пуррагӣ исбот гардида, суд дар ин асос нисбаташ ҳукми айбдоркунанда қабул намудааст.

Ҷиноятҳои содирнамудаи Ҳайдарова А.А. ба парвандаи ҷиноятӣ ва лаҳзаҳои айби эълонгардида нисбати собиқ судяи суди ноҳияи Б.Ғафуров Сайдаҳмадзода Р.С. ягон алоқамандӣ надошта, маълумоти дар сомонаи интернетии Радиои Озодӣ пахшгардида, дар хусуси гӯё оғозу тафтиш гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳайдарова А.А. барои таъсир расонидан ба Сайдаҳмадзода Р.С. сурат гирифта бошад, асли воқеъи надорад.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон