Хабарҳо

Азонихудкунии амволи давлати ва сохтакории хуҷҷат!

Раҷабмадова Фарзона Сафаралиевна, сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, дар давоми солҳои 2020 ва 2021 бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Иброҳимова Ш.А. бо мақсади ғайриқонунӣба даст даровардани маблағи пулӣ, бо роҳҳи сохтакорӣ, аз филиалиҶСК ‘‘Бонки Эсхата” маблағи 25000 ҳазор сомониро кредит гирифта, ғайримақсаднок онро истифода бурда, маблағи мазкурро азонихуд намуда, ба манфиати шахсии худаш истифодабарӣнамудааст.

Прокуроришаҳри Кӯлоб, нисбати Раҷабмадова Ф.С., бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои “а,б”, 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в”, КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣоғоз намуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб, аз 20.02.2022 сол Раҷабмадова Ф.С., бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои “а,б” 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в”, КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣба мӯҳлати 3 солу 6 моҳ бо нигоҳ доштан дар колоннияҳои ислоҳии низомаш умумӣҷазо таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон