Материалы
Ҷаласа бо иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳким бахшидани корҳо ҷиҳати таъмини амнияти ҷомеа, рафти омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои коррупсионӣ, терроризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ғайраҳо мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар шаҳри Конибодом баргузор гардид. Дар ҷамъомад фаъолон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара иштирок доштанд.
Тибқи дастури Ҳукумати мамлакат роҳбарону мансабдорон дар масъалаи сафарбаркунии фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ бояд пешсаф ва намунаи ибрат бошанд, ки дар ин самт шаҳри Конибодом фаъол буда, то имрӯз 17-нафар ва аз шаҳри Исфара 6-нафар роҳбарон фарзандони худро ба хизмати ватан сафарбар намудаанд.
Ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории Вируси Норасоии Масъунияти Одам низ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар Конибодому Исфара тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Ҳамин тавр Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ин ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаро аз нигоҳи қонун ба риштаи таҳлил кашида, ҷиҳати ҳалли муаммову камбудиҳои ҷойдошта ба раисони шаҳру ноҳияҳои Конибодому Исфара, прокуророн ва фаъолони ин шаҳрҳо дастурҳо дод.
Сипас котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ба сухан баромада, дар бораи зиёд рух додани ҳодисаҳои ифротгароӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи ҷинояткорӣ дар қаламрави кишвар ва мубориза бо он, зиёдшавии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ ва дигар масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ибрози назар намуд.
Дар ҷамъомад Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ва Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар мавриди корҳои иҷрошуда дар самти мубориза бо ҳодисаҳои номатлуб ва рафти омодагиҳо ба маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат маълумот доданд.
Ҳамчунин чанде аз иштирокдорон низ оид ба масъалаҳои баррасишудаи ҷаласа андешаҳои худро иброз дошта, дар роҳи неку ҳамида ва дар руҳияи худшиносиву ватанпарастӣ тарбия намудани наслҳои ҷавони ҷомеаро рисолати аввалиндараҷаи аҳли зиё ва фаъолон арзёбӣ намуданд.