Материалы

Сафари Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

  7 феврали соли 2022 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо ҳайати ҳамроҳ бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ташриф овард.

  8 феврал мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Додситони кулли ҶИЭ Муҳаммад Ҷаъфари Мунтазирӣ баргузор гардид, ки зимни он роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи  байналмилалӣ, истирдоди ҷинояткорон, қочоқи маводди мухаддир ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи якдигар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар фарҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Додситонии кулли ҶИЭ аз ҷониби Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Муҳаммад Ҷаъфари Мунтазирӣ ба имзо расонида шуд.

  Дар доираи сафар Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо Вазири додгустарии Ҷумҳурии Исломии Эрон Амин Ҳусайни Раҳимӣ мулоқот намуд, ки зимни он табодули назар доир ба тақвияти ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар масъалаҳои ҳуқуқӣ сурат гирифт. 

 

    Маркази матбуоти

    Прокуратураи генералӣ